Эълон!

Ба диққати ҳамаи донишҷӯён ва омӯзгорони ҷавони донишгоҳ расонида мешавад, ки шурӯъ аз 20-ум январ то 5-уми феврали соли 2020, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфт ва ҳавасмандгардонии навқаламони ҷавон ва ҷиҳати дастгирии эҷодиёти онҳо озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин ашъор ва маводи насриро дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон бахшида ба 27- умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон менамояд.. Ашъор ва маводи насрӣ аз тарафи Шуъбаи кор бо ҷавонон ба тариқи хаттӣ ва электронӣ (javonon@tajmedun.tj) қабул карда мешавад ва муаллифони беҳтарин ашъор ва маводи насрӣ дар арафаи ҷашни “27- умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд. 
 Маълумот бо телефонҳои: 938-24-24-93., 501-16-83-77., 938-27-18-07

26.01.2020 1094

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php