Эълон!

Эълон!

       Ду номгӯй китобҳои устодони Донишгоҳ тӯҳфа аз номи хатмкунандагони соли 1999-и факултети фармасевтӣ бо номи          “Кимиёи физикӣ”ва “Атласи рустаниҳои шифобахши Тоҷикистон” ба китобхонаи Донишгоҳ ворид гардиданд, ки бевосита ҳамаи устодону донишҷӯн метавонанд аз китобхона дастрас намоянд.

АХБОР

      Маҷмӯаи мазкур аз бойгонии(беш аз 1200 намуд рустании муфид) муаллифон аст. Ин номаи таълимӣ боэътимод нисбат ба мухлисони табиати кишварамон буда, дар он барои гузаронидани кори мустақили ҳар як фард “пурсишнома” пешниҳод шудааст. Ҳавасмандон дар асоси он метавонанд флораи муфиди муҳити сукунати худро ҳисоби ва роҳҳои самараноки истифодаву ҳифзи онро пешбинӣ намоянд.

      Маҷмӯа барои фармасевтҳо, табибон, донишҷӯён, бакалавр, магистрон, аспирантон, ихтисосмандони ҳифзи табиат, кормандони Агентии хоҷагии ҷангал, сайёҳону дӯстдорони табиати диёрамон пешниҳод шудааст.

   

        Китоби дарсӣ дар асоси барномаи таълимии кимиёи физикӣ таҳия гардидааст, ки иборат аз ҳабдаҳ боб мебошад. Дар он қисмҳои асосии кимиёи физикӣ: сохти модда, термодинамикии кимиёи, омӯхтани маҳлулҳо ва маҳлулҳои электролитӣ, электрохимия, кинетика, катализаторҳо ва ғайра дарҷ гардидааст. Дар материали китоб қиматҳо ва маълумотнома (справочник) бо диаграмма, нақшаҳо ва расмҳо тасвир карда шудааст. Кимиёи физикӣ ба илмҳои табиатшиносӣ бандманди дорад ва дар технология истифода мебаранд.

        Аз китоб донишҷӯёни ихтисосҳои кимиё, биология, тиб, геология, кишоварзӣ ва алоқамандон метавонанд бо таври васеъ истифода кунанд.


25.12.2025 167

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php