ЭЪЛОН!!!

Ба таваҷҷуҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино расонида мешавад, ки бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳои ҷавон ва дастгирии онҳо, дар Донишгоҳ озмунҳои «Ровии беҳтарин», «Навозандаи беҳтарин», «Сурудхони беҳтарин», «Эҷод ва қироати шеър» «Ҳунарманди беҳтарин-ҳаҷвнигорӣ, нақшофарӣ, тақлидкорӣ» ва монанди инҳо миёни курсҳои 1,2 ва 3-юми ҳамаи факултетҳо гузаронида мешавад. Инчунин, ҷавонони лаёқатманде, ки ҳар гуна истеъдодҳоро дар худ доранд, то санаи 10.05.2025 худро дар шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ сабти ном намоянд.

Телефон барои маълумоти бештар: 900939005; 902222273.

 


28.04.2025 439

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php