Барномаи мурабиёни таълими забони англисӣ барои соли 2019

Барномаи мурабиёни таълими забони англисӣ барои соли 2019

Душанбе, Тоҷикистон, 28 январи соли 2019 – Шӯъбаи робита бо ҷомеаи Сафорати ИМА даъватеро нисбати супоридани дархост барои иштирок дар барномаи мурабиёни таълими забони англисӣ барои соли 2019 эълон менамояд. Барномаи мазкур чаҳор семинари бисёрӯзаро доир ба тарзи дарсгузаронии забони англисӣ дар ҳамроҳӣ бо мутахассисони амрикоӣ аз моҳи апрел то декабри соли 2019 дар шаҳри Душанбе мегузаронад. Иштирокчиёни барнома шабакаи муаллимонро барпо мекунанд, ки фикру андешахои худро дар вақти барнома ва баъд аз анҷоми он мубодила хоҳанд кард.

Довталабон бояд аз шумули муаллимони забони англисӣ дар мактабҳои ибтидоӣ, миёна ва донишгоҳҳо бошанд, ки хоҳиши мураббӣ будан ва мубодила кардани таҷрибаи худро бо дигар муаллимони забони англисӣ доранд.

Довталабони интихобкардашуда барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.

Аризаи барномаро метавонед аз ин ҷо (WORD-351 KB) дарёфт намуда, ба нишонаи зерин на дертар аз 20 феврали соли 2019 ирсол намоед:

Парвина Адылова

Шӯъбаи робита бо ҷомеаи Сафорати ИМА

хиёбони Исмоили Сомонӣ 109 A

ш. Душанбе, Тоҷикистон
Тел.: (992 37) 229 2316, 229 2000, факс: (992 37) 229 2050

Почтаи электронӣ: EnglishProgramsDushanbe@state.gov

 

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ



29.01.2019 947

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php