ТЕРРОРИЗМ-тарс, ваҳм ва ҷаҳолат!

ТЕРРОРИЗМ-тарс, ваҳм ва ҷаҳолат!

Ифротгароӣ ё экстремизми дунявӣ намудҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва мафкуравӣ дорад ва ифротгароии диннӣ дар доираи ҳамаи динҳо-ислом, насронӣ, масеҳӣ, буддоӣ ва ғайра мавҷуд аст.  Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоеанд, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Равнақу ривоҷи экстремизм дар ниҳояти кор ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» аз калимаи лотинии «tеrrоr» маншаъ гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ созанд. Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳи мақсадҳои он чунин омадааст: “Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткорон дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидаи обрӯ ва манзалати мақомоти давлатист”.

Айнӣ замон байни давлатҳои абадқударати ҷаҳон рақобате ба вуҷуд омадааст, ки кӯшиш барои соҳиб шудан ба нуфуз ба ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои табиӣ, энергетикӣ, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегирад.

Донишмандон таъкид менамоянд, ки қудраҳои ҷаҳонӣ дар доманпаҳнкунии экстремизм ва терроризм дар ҷаҳонӣ Ислом даст доранду бо ин роҳ ҳадафҳои геополитики ва геостратегии худро пиёда месозанд. Ҳоло доираи тафриқа ва парокандагӣ домангири давлат ва минтақаҳои мусулмоннишин гашта, андешаҳои тундрав ва идеологияҳои ба Ислом бегона, вале бо ном исломӣ, боиси пора-пора гаштани мусулмонон ва ба фирқаву гуруҳҳои бо ҳам душман табдил ёфтани онҳо шудааст. Як гурӯҳ, гурӯҳи дигарро кофир мехонад ва ҳаммиллате бар зидди ҳаммилати худ меҷангад. Гурӯҳҳои тундрав зери ниқоби ислом ба бадтарин ва манфуртарин аъмол, аз ҷумла, қатли ом, бераҳмона сар буридани занону духтарон, аз байн бурдани миллатҳо, оташ задани хонаи мусулмонон, тарконидани масҷидҳо, ғулом намудани занону кӯдакон, истифодаи тамоми намудҳои аслиҳа ба муқобили мусулмонон, талаву тороҷ кардани мардум, аз номи ислом гумроҳ намудани ҷавонон ва садҳову ҳазорҳо беадолатиҳои дигар даст мезананд. Таҳлилгарон вазъияти ба вуҷудомадаро бисёр хатарнок дониста, бар он назаранд, ки танҳо истифода аз иқдомҳои низомию амниятӣ роҳи ҳал нест ва бояд сабаб ва решаҳои ин бемориро илман омӯхт. Вазъияти феълӣ ба тамоми раҳбарони кишварҳои ҷаҳон махсусан мусалмоншин, донишмандон ва мутафаккирон лозим мегардонад, то бо камоли ҳикмат ва бо истифода аз таҳқиқоти илмӣ, доир намудани конфронсҳо, тарҳи роҳи ҳали илмии ҷиддии содиқона, мунсифона ва фарогири тамоми паҳлӯҳои фикрӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гирифториҳои ба миёномадаро муолиҷа намоянд. Бояд гуфт, ки терроризм дар солҳои ахир ба худ симои байналмилалӣ гирифта, гурӯҳҳои хурд бо ҳам муттаҳид мешаванд. Дар чунин ҳолат ин вабои аср танҳо бо эътилофи ҷаҳонӣ ва муборизаи содиқонаи ҳамаи кишварҳои ҷаҳон метавонад решакан шавад. Аммо то замоне, ки баъзе қудратҳо ҳатто аз террористон ҳам барои расидан ба ҳадафҳои геополитикиашон истифода мебаранду дар ҷаҳон стандарти дугона нисбат ба терроризм вуҷуд дорад, ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавонад ба дунёи орӣ аз терроризм умед бандад. Нуктаи таассуфорвар ин аст, ки имрӯзҳо на танҳо абарқудратҳо, балки кишварҳои ба якдигар ҳамсояи ҷаҳони ислом низ муносибати дугона ба масъалаи терроризм доранд. Гурӯҳе, ки аз назари як кишвар террористист, аз диди кишвари дигар муборизи роҳи озодӣ дониста мешавад ва ё баръакс. Ин аст, ки ҳатто кишвари исломие аз тамошои саҳнаи хунини ҷанг дар кишвари дигари исломӣ, танҳо ба хотири он, ки рақибаш дар он кишвар заиф мешавад, завқ мебарад. Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад”.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта ба рӯйдодҳои фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризм рӯ ба рӯ шуда, талафоти зиёди ҷониву молӣ дода буд. Раванди муосири ҷаҳонишавӣ ҷомеаи Тоҷикистонро низ фаро гирифтааст. Имрӯз Тоҷикистон аъзои як қатор созмонҳои зиддитеррористӣ ҳам мебошад. Тоҷикистон аз рӯзҳои аввалини давлатдории навини худ ин намуд ҷиноятҳоро маҳкум карда, ба қонунҳои амалкунандаи дахлдор тағйироту иловаҳо ворид кард ва ба ташкилотҳои байналмилалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд ҳамроҳ шуда, ҳама гуна зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро қотеъона маҳкум менамуд. Бояд гуфт, ки тоҷикон дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ, дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм низ чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва пешниҳодҳояшро дастгирӣ мекунанд. Дар таърихи на он қадар тӯлонии давлатдории худ дар шароити соҳибистиқлолӣ мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб дастболо гашта, имрӯзҳо низ муборизаро давом дода истодаанд. Ҷумҳурии мо дар самти мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм дар минтақа ва арсаи ҷаҳон бетафовут набуда, мавқеи ҷиддию устувор дорад ва хостори ҳамкории қавӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои муътабари байналмилалист.

Ҳарчанд мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон, дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои он ки гароиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгаро аз байн бардошта шавад, бояд эҳсоси ватандӯстӣ, донишандӯзӣ ва муҳаббати касбу ҳунар дар байни насли ҷавони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ васеъ ба роҳ монда шавад. Барои мубориза бурдан бар зидӣ ифротгароӣ ва терроризм бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулиятшинос бошанду бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд ва мардумро аз таъсири ин вабои аср эмин нигоҳ доранд.

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор

 


24.09.2021 43