ТЕЛЕФОНҲОИ МОБИЛӢ ҲАМЧУН САРЧАШМАИ ТАЪСИРИ МАЙДОНҲОИ ЭЛЕКТРОМАГНИТӢ ВА ОМИЛИ ХАТАРҲО БАРОИ САЛОМАТИИ ИНСОН

ТЕЛЕФОНҲОИ МОБИЛӢ ҲАМЧУН САРЧАШМАИ ТАЪСИРИ МАЙДОНҲОИ ЭЛЕКТРОМАГНИТӢ ВА ОМИЛИ ХАТАРҲО БАРОИ САЛОМАТИИ ИНСОН

Аз давраи ибтидоӣ сар карда инсон ҳамеша мекӯшид шароиту вазъи зиндагиашро беҳтару хубтар гардонад. Дар он замонҳо мушкили инсон як чиз буд: хӯрок пайдо кардан ва аз гуруснагӣ намурдан. Баъдтар бо мурури замон ва тараққии майнаву ақл ва зиёд гардидани талаботу эҳтиёҷоти одам ба шароити хуби зист онҳоро маҷбур сохт, ки воситаҳои рушду тамаддунро дар зиндагӣ ҷустуҷӯ ва ихтироъ намоянд.

Масалан, вақти аз ягон ҳодиса ё фоҷиае ба ҳамдигар хабар додан, аз асбоби карнай ё сурнай, ки худашон сохта буданд ва овози тӯлонии баланд дошт, истифода мекарданд. Баъдан, ҳамин асбобҳо оҳиста-оҳиста ба асбоби мусиқӣ мубаддал гаштанд. Агар то охири асри 19 ва нимаи асри 20 аксаран мардуми деҳоти кӯҳистон ба тӯю маърака ва маросимҳои суннатӣ ҳамдеҳагонашонро аз болои теппа ё баландие баромада, бо садои баланд хабар мекарданд, акнун бештари одамон айни ҳол барои ҳалли мушкилоташон бе телефони мобилӣ ҳаёти худро тасаввур карда наметавонанд.

Телефони мобилии муосир имкониятҳои зиёдеро доро мебошад. Пеш аз ҳама, он дар ҳаллии ин ё он мушкилӣ сарфаи вақт мебошад, зеро он метавонад имконияти муошират бо хешу наздикон, дӯстонро бевосита, зуд ва осон фароҳам орад.

Мусаллам аст, ки телефонҳои мобилӣ ва компютер бо имконоти фаровони техникии худ, аз он ҷумла бо пайвастшавӣ ба шабакаҳои интернетӣ, ҳаёти инсонро аз давраи пешин дида хеле роҳаттар гаронидаанд. Вале технологияи муосир дар баробари додани имконоти ҷозибу диққатҷалбкунанда, барои кӯдакон ва калонсолон дар худ хатарҳои ҷиддиеро барои саломатии онҳо ниҳон медоранд, ки дар пайомади он масъалаи компютеркунонии ҷомеа ҳамчун яке аз мушкилиҳои миқёси сайёравӣ (башарият) бармехезад. Компютер дар баробари осон намудани ҳаёти инсон, инчунин метавонад вобастагии ҷиддии онро пеш орад.

Паҳнҳшавӣ ва маъмул шудани алоқаи мобилӣ дар байни аҳолӣ, таъсири майдони электромагнитӣ ба ҷисми инсон ва бемаврид истифода бурдани телефонҳои мобилӣ ва асбобҳои дигари маишӣ пайомадҳои манфӣ ба бор оварда, ҳамчун омили хатар арзёбӣ мегарданд.

Ҳануз соли 1996 Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ  лоиҳаи байнамилалии арзёбии далелҳои илмии таъсири ҳархелаи майдони электромагнитиро ба саломатии инсон, инчунин майдонҳои такроршавии мавҷҳои радиоӣ (радиочастотные поля), ки аз тарафи телефонҳои мобилӣ ва базаҳои бунёдии онҳо хориҷ карда мешаванд, инчунин барои оид ба гузаронидани тадқиқоти илмӣ додани тавсияҳои зарурӣ таҳия намуд.

Телефонҳои мобилии муосир, смартфонҳо, гаджетҳо, планшетҳо, телевизорҳо, яхдонҳо, асбобҳои махлуткунии маҳсулот (миксер), муи сар хушккунакҳо, тобаҳои барқӣ ва дигар асбобҳои барқии муосир ҷузъи ҳаёти рӯзмарраи мо гаштаанд. Ошноии инсонҳо бо телефони мобилӣ ва компютер аксаран дар синни ҷавонӣ сурат мегирад, ки барои кӯдак ва наврас олами аҷоиб, ҷаззоб ва мудшударо барояшон боз мекунад.

Зимнан, таъмини барномавӣ истифодаи васеи комютер дар соҳаҳои зерин аст: барои таълим, барои муошарат, барои ҷустуҷӯи ҳар гуна маълумот, барои истироҳат ва дилхушӣ. Ҳамзамон компютер ба тамоми ҷузъиёти биологии инсон ва пеш аз ҳама ба саломатии ҷисмонӣ ва равонии ӯ таъсир мерасонад.

Компютер ва интернет ба инсонҳо барои ташкил намудани фароғату истироҳат, фаъолиятнокии гуногун барои баъзеи онҳо зарур буда, ба сифати яке аз омилҳое баррасӣ карда мешаванд, ки тағйирёбии фазоеро, ки инсонҳо дар дохили онанд, муайян мекунад.

Инсон ғарқи олами виртуалӣ гашта, аз воқеият дур мешавад, ҷудо мемонад ва ба атрофиён дигар кам аҳамият медиҳад. Аз ин ҷиҳат кӯдакон ва наврасон, ки ҳоло ҳамчун шахсият ташаккул наёфтаанд ва ба ҳар гуна таъсироти маҳвкунанда осон дода мешаванд, махсусан осебпазиранд.

Асбобу дастгоҳҳое, ки мо ҳар рӯз дар рӯзгорамон истифода мебарем, ҳаёти моро комилан осон мегардонанд, вале онҳо ба саломатии мо таъсири манфӣ мерасонанд, зеро дар атрофи худ майдонҳои эелектромагнитиеро ҷамъ меоранд, ки метавонанд барои саломатии мо мушкилоти ҷиддиеро пеш оранд.

Дар муҳити атрофи мо шумораи аз ҳад зиёди сарчашмаҳои нурафканишҳои электромагнитӣ вуҷуд доранд, ки ба инсон таъсири манфӣ мерасонанд, вале аз байни онҳо таъсири нуарафканиши телефони мобилӣ бисёр мушкил аст. Аз ин рӯ, барои таҳлили дараҷаи хатарнокии таъсири алоқаи мобилӣ ба саломатии инсонҳо истифодаи усули таҳлил дар асоси дастгоҳи ҷамъҳои номуайян-мутлақ(аппарат нечетких множеств) ба мақсад мувофиқтар аст. Назарияи ҷамъи номуайян (fuzzysetstheory) аз соли 1965, аз замоне, ки профессор Лутфизода аз Донишгоҳи Беркли, иёлоти Калифорния кори асосии «Fuzzysets» -ро дар маҷаллаи «Informationandcontrol» ба табъ расонд, сарчашма мегирад. Назарияи мазкур дар зеҳни Лутфизода «ҳамчун ноқаноатмандӣ аз усулҳои математикии назарияи классикии системаҳо, ки ба даст овардани дақиқияти сунъиеро маҷбур мекард, ки дар бештари системаҳои олами воқеӣ, хоса, дар системаҳои ба ном гуманистӣ, аз он ҷумла инсонҳо номувофиқ аст, пайдо шуд».

Кӯдакон ва наврасон пушти компютер нишаста, гузашти вақтро фаромӯш мекунанд, нороҳатӣ ва хастагиро аз ёд мебаранд. Узвҳое, ки ба нурафканиши компютер ва техникаи маишӣ бештар ҳассосанд, ин системаи асаб, муқовимати бадан, узвҳои дилу раг, системаи ҷоғар ва узвҳои таносули инсон мебошанд ва аломатҳои аввалини нороҳаткунандаи таъсири манфии ин нурафканишҳо хасташавӣ, асабоният, вайроншавии хоб, бехобӣ, харобшавии диққат, аллергия, дарди сар, пастшавии фаъолияти шаҳвонӣ ва монанди инҳо мебошад. Агар таъсири майдони магнитӣ тӯл кашад, яъне дароз шавад, захираҳои ҷисми инсон тамом шудан мегиранд.

Дақиқан муқаррар карда шудааст, ки дилхоҳ майдони электромагнитӣ дар ҷисми мо ҷавоб ба амал меорад, ҳуҷайраҳоро хароб месозад ва махсусан ба ҳуҷайраҳои сурхи хун таъсири манфӣ мерасонад. Олимони бахши физика аз Донишгоҳи Линчепинг (Шветсия) тахмин кардаанд, ки нурафканиши электромагнитии телефонҳои мобилӣ таъсири байниҳамии эритроситҳоро зиёд карда, метавонанд ба онҳо зарар расонанд.

Моҳияти фарзияи онҳо чунин аст: эритроситҳо байни ҳам на бевосита, балки тавассути молекулаҳои обе, ки онҳоро иҳота кардаанд, таъсиррасонӣ мекунанд. Ин молекулаҳои об қутбҳои мусбӣ ва манфӣ заряднокшудае доранд, ки қувваҳои бениҳоят сусти кашиши байни ҳуҷайраҳоро ташкил медиҳанд. Дар дастгоҳи намунавии математикии содакардашуда таъсири нурафканиши электромагнитӣ бо зудии 850 МГц (аҳамияти муқаррарии шабакаҳои мобилӣ) ба ҳуҷайраи хун таҳқиқ гузаронида шуд. Маълум шуд, ки ҳангоми чунин таъсиррасонӣ молекулаҳои об ба як самт саф мекашанд, ки ин ба 11 баробар зиёдшавии қувваи кашиш оварда мерасонад. Чунин таъсир метавонад вақте ки ҳуҷайраҳои хун ба ташкил кардани тромбҳо сар мекунанд, ба зиёдшавии лахтагардии хун биёрад. Оқибати ин сар задани мушкилиҳои ҷиддӣ бо узвҳои дилу раг мебошад.

Майдонҳои электрикии беҳаракат (статические электромагнитные поля) ва магнитӣ, ҳамчунин ҷараёни атрофи дил ва рагҳои асосии хунгард ба ҳаракати ҳисачаҳои заряднокшуда дар хун, аз қабили ионҳо, ки метавонанд гардиши хунро мушкил гардонанд, таъсир мерасонанд. Оқибатҳои имконпазири ин дар байни тағйироти ночизе дар таппиши дил то болоравии хатари пайдоиши зарби патологии дил (аритмия), ки метавонад ба ҳаёти одам таҳдид кунад (масалан, фибриллятсияи меъдачаҳо), калавиш мехӯрад.

Зиёда аз ин, мутахассисони Донишгоҳи Цюрих дараҷаи таъсири телефонҳои мобилиро ба фаъолияти майнаи сар муайян кардаанд. Дар рафти гузарондани таҷриба қувваи нурафканиши дастгоҳ нисфи қувваи аз тарафи қонун иҷозатдодашуда буд. Баъди ним соати гуфтугӯ бо телефони мобилӣ энцефаллограмма (фаъолияти майнаи сар)-и таҷрибашавандагон тағйир ёфтааст ва ин тағйирот то муддати дароз боқӣ мондааст. Барои баҳогузории нурафканиши «истифодабаранда» – и ишораҳои зудиашон баланд аз коэффитсиенти фурӯбаранда ё пахшкунандаи SAR (SpecificAbsorptionRatio), ки аз ҷониби тамоми ҷаҳон эътироф шудааст, истифода мебарем. Чӣ қадаре, ки аҳамияти SAR кам бошад, ҳамон қадар бехатарии он зиёд мешавад.

Маълум аст, ки нурафканиш ба қабулкунандаи ишораҳои зудиашон баланд бо ду омил – қувваи нурафканиш ва вақти нурафканиш (давомнокии гуфтугӯ бо телефон муайян карда мешавад). Барои баҳогузории омили «тавоноӣ» ба сифати маҳак, меъёр, коэфтисиенти махсуси SAR ворид карда шуда буд, ки ҳам тавоноӣ ва ҳам самти нурафканиши телефони мобилиро ба ҳисоб мегирифт.

Ҳар сол навъи телефонҳои мобилӣ зиёдтар шуда истодааст, дар айни замон функсияҳои он пайваста мураккаб мешавад. Дастгоҳи мобилӣ- ин компютери хурд мебошад, ки алоқаи босифатро барпо мекунад, метавонад шуморо ба шабакаи Интернет пайваст кунад, акси рақамӣ ва ҳатто порчаи навориро сабт намояд.

Тамоми телефонҳое, ки расман ба фурӯш иҷоза гирифтаанд, санҷиши заруриро мегузаранд. Аз ҷумла, SAR-и онҳо бо мақсади мувофиқ будан бо меъёрҳои муқарраршуда чен карда мешавад. Аз рӯйи меъёрҳое, ки дар Аврупо қабул карда шудаанд, SAR бояд камтар аз 2 Вт/кг (2мВт/г), бошад. Дар ИМА бошад, 1.6 Вт/кг (1.6мВт/г). Муқаррар карда шудааст, ки телефонҳои мобилие, ки тавониашон то 5 Вт/кг аст, сарчашмаи нурафканиши электромагнитӣ мебошанд.

Тавре мушоҳида мегардад, коргарон, донишҷӯён, мактаббачагон ва ҳатто пиронсолону кӯдакон имрӯз аз телефони мобилӣ васеъ истифода бурда, баъзеҳо бо худ ду ва зиёда телефони ҳамроҳ доранд. Телефонҳои муосир вазифаи МРЗ-плеер, компютер, дастгоҳи аккосӣ, камераи сабт ва ғайраро иҷро намуда, мушкилоти одамонро осон мегардонанд, вале мардум оид ба он, ки телефон ба саломатии онҳо зарар дорад, камтар фикр мекунанд.

Соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 миллион истифодабарандаи телефонҳои мобилӣ ва 1.3 миллион истифодабарандаи Интернет ба қайд гирифта шуда буд. То аввали соли 2020 дар кишвар 6.4 миллион корти фаъол ва 3.8 миллион истифодабарандаи Интернет ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи омори операторони алоқаи мобилӣ 60% истифодабарандагон бо телефон дар як рӯз бештар аз 20 дақиқа, 25% бештар аз 30 дақиқа ва 15% муштариён камтар аз 10 дақиқа гап мезананд. Аксарияти одамон ду адад телефони мобилӣ доранд, ки аз ҳар дуи он истифода мебаранд. Зиёда аз 25% истифодабарандагон рӯзе барои хизматгузории алоқаи мобилӣ 5 сомонӣ сарф мекунанд ва ғайра. Чи қадаре, ки вақти гуфтугӯ бо телефон зиёд бошад, ҳамон қадар таъсири он ба организми инсон зиёд мешавад, барои ҳамин ҳам гуфтугӯ бо телефон бояд кӯтоҳ бошад.

Телефони мобилӣ ва компютер дар баробари осон намудани ҳаёти инсон, ҳамзамон метавонанд вобастагии ҷиддиро, махсусан дар кӯдакону наврасоне, ки ҳоло ҳамчун шахсият ташаккул наёфтаанд ва осон ба таъсири маҳвкунандаи нурафканиши телефонҳои мобилӣ дода мешаванд, бо варзиш машғул шуданро фаромӯш мекунанд, аз китобхонӣ ва муошарати воқеиву табиӣ бо дӯстону ҳамсабақони хеш бенасиб мемонад.

Ҳамин тавр, вақти ниҳоӣ ва аз ҳама зиёди истифодабарии телефони мобилӣ дар як рӯз бояд на бештар аз 30 дақиқа бошад. Кор бо компютер бошад, дар як рӯз на бештар аз 4 соат бо танаффуси 45 дақиқагӣ дар байн тавсия дода, мешавад. Вобаста бо ин қазияи аз нав дидан ва мувофиқгардонии стандартҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ оид ба нурафкании асбобҳои электронӣ-маишӣ, таҳияи дастурҳои намунавӣ оид ба ҳифзи меҳнат ҳангоми кор дар компютери шахсӣ ва меъёрҳои нави санитарӣ зарурият пеш омадааст.

д.и.т., профессор « Ғоибов Амонулло  Ғоибович

 сардори Шуъбаи таълим ва дастурию методии Муассисаи давлатии

«Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии кори ҳамширагӣ»

Раупов Фирдавс Орифович

moh.tj






08.01.2022 100