СУТ БА ИН НАЗАР АСТ, КИ ВАЗЪ ДАР ҶАҲОН ВОБАСТА БА COVID-19 БАДТАР МЕГАРДАД

СУТ БА ИН НАЗАР АСТ, КИ ВАЗЪ ДАР ҶАҲОН ВОБАСТА БА COVID-19 БАДТАР МЕГАРДАД
Роҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Гебреесус гуфт, ки вазъ дар ҷаҳон вобаста ба коронавирус бадтар шуда, ба аксари кишварҳо то ҳол муясcар нашудааст, ки авзоъро таҳти назорат қарор диҳанд. Вай дар ин бора дар назди панели иттилоотии кишварҳои аъзои ин созмон изҳор намуд, нигоштааст «The ​​Guardian».
«Дар аксари қисматҳои ҷаҳон вирус таҳти назорат қарор надорад. Вазъият бадтар мешавад. Айни замон СУТ зиёда аз 11,8 миллион ҳолати COVID-19 –ро ба қайд гирифтааст. Беш аз 544 ҳазор нафар ҷон бохтаанд. Суръати тавсеаи пандемия ҳоло ҳам мисли пештара рӯ ба афзоиш дорад», -илова намуд Гебреесус.
Ба гуфтаи роҳбари СУТ, дар шаш ҳафтаи охир шумораи умумии ҳолатҳои сироятёбӣ ду маротиба зиёд шудааст.Тедрос Гебреесус зикр кард, ки сирояти коронавирус низомҳои тандурустии баъзе кишварҳои сарватмандтарини ҷаҳонро тахриб кардааст ва кишварҳое, ки чораҳои муваффақиятомез андешида буданд, маблағҳои калон надоранд.
АКС аз бойгонӣ

Манбаъ:http://moh.tj/?p=21311



11.07.2020 78