Сиёсати “Дарҳои боз”-таҳкимбахши ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон!

Сиёсати “Дарҳои боз”-таҳкимбахши ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон!

Ҳар сол миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад. То имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам ҳуҷҷати зиёди мутақобилан судманд ба имзо расонидааст, ки масъалаҳои муносибату ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ-техникӣ, амният, илм, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳо фаро мегиранд. Бояд хотирнишон сохт, ки дар давраи истиқлолияти худ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бештар аз 350 санади байналмилалӣ ба мисли Конвенсияҳо, Хартияҳо   ва Эъломияҳои байналмилалӣ аъзо шуда, уҳдадориҳои худро дар мавриди расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли онро иҷро менамояд.

Бояд гуфт, сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати санҷидашуда ва воқеъибинона буда, ҳамзамон бо пазириши меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ва эҳтиром ба манофеи шарикон, риояи қатъии манфиатҳои миллиро дар фаъолияти дипломатӣ дар мадди аввал мегузорад. Имрӯз Тоҷикистон бо аксарияти кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, бештар аз 170 давлат Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф кардааст. Тоҷикистон дар ҳамаи созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ узвият дошта, аз арзишҳо ва манофеи миллӣ дифоъ мекунад, дар масоили ҷаҳонӣ назари худро матраҳ месозад ва пешниҳодҳои мушаххасро дар бораи ҳалли онҳо ба миён мегузорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ дониста, ҷонибдори ҳамзистии осоишта ва дӯстонаи мардумони минтақа мебошад.

      Гузашта аз ин, саъю талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат барои барқарории сулҳу субот ва сарҷамъии миллӣ басо нодир ва арзишманд арзёбӣ мегарданд. Имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар мавриди ҳалли мусолиматомези низоъ ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ ба сарвати илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мубаддал шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ғайр аз ин ки роҳи моро барои пешрафти минбаъдаамон равшан кард, аҳамияти байналмилалӣ низ дорад ва метавонад ҷиҳати ҳалли мушкилоти кишварҳои гуногун мавриди истифода қарор гирад. Беҳуда нест, ки таҷрибаи мо дар самти таъмини сулҳ, ба Ватан ва макони зисти доимиашон баргардондани қариб як миллион гуреза ва ташкили ҳамгироии иҷтимоӣ аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуда, ҳамчун шеваи нодири сулҳофарӣ эътироф гардидааст.

Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, аз минбари онҳо ташаббусу ибтикорти созандаи Президенти кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, маводди мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, масъалаҳои экологӣ ва амсоли он ба самъи ҷаҳониён расонида мешавад. Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар робита ба ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, боиси ба таври шоиста муаррифӣ шудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Ҳамчунин, роҳбари давлати мо пайваста аз паёмадҳои номатлуби тағйирёбии иқлим ҷомеаи ҷаҳонро ҳушдор дода зарурати омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо, рушди устувори кишварҳои кӯҳсор ва рушди энергияи таҷдидшавандаро меҳвари равобити кишварҳои олам медонанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузургест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ мешаванд: «Соли 2003, соли байналмилалии оби тоза», «Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли 2013 соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, » ва  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» аз ташаббусҳоеест, дар соҳаи обу иқлим, ки ҳаёти озодаву бехатари сокинони сайёраро дар меҳвари татбиқи онҳо қарор гирифтааст.

     

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор


01.10.2021 44