Сарфарозӣ бо «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» – далели эътибори Пешвои миллати тоҷикон

Сарфарозӣ бо «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» – далели эътибори Пешвои миллати тоҷикон

Тавре ҳамагон воқифанд, 6 августи соли 2021 дар ин рӯзҳои муборак, ки торафт моро ба таҷлили бошукӯҳи 30-юмин солгарди Ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлоли давлатӣ наздик месозад, дар асоси Қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба нахустин мукофоти олӣ – «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ сарфароз гардонида шуданд. Ин падидаи нек ва пайки хуш барои халқи тамаддунофари тоҷик мояи ифтихору сарфарозӣ буда, бешак дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин нигошта хоҳад шуд. Чунин иброз доштааст ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил ҒАФУРЗОДА зимни як мақолае, ки имрӯз ба унвонии АМИТ «Ховар» ворид гардид. 

Шарафёбӣ ба ин мукофоти олӣ бори дигар эътибору нуфузи ин марди хирад, сиёсатмадори оқил, пешвои ваҳдатофарро дар арсаи байналмилалӣ далолат намуда, эътирофи шеваи тозаи давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати наҷотдеҳи миллату давлат ва эҳёгари Тоҷикистони навин ва мустақил, инчунин ибтикороти минтақавию ҷаҳонӣ мебошад ва барои ҳар фарди тоҷикистонӣ ба ояндаи пуранвору босаодати мамлакат умеди тоза бахшид.

Ин қадршиносии сазовор бори дигар собит сохт, ки миллати тоҷик яке аз миллатҳои куҳанбунёд буда, дорои таърихи тӯлонии давлатдорӣ мебошад, ки таҷрибаи давлатдорӣ ва идории давлатии худро ба ақвом ва миллатҳои дигари минтақа омӯзонида, пойдории моҳияти онро қарнҳо нигоҳ доштааст.

Маҳз маҳорати идоракунӣ, шуҷоатмандӣ, далерӣ, қотеият дар қабули қарорҳои сиёсӣ ва хиради сиёсию адолати иҷтимоии сарвари давлати тоҷикон боис гардид, ки ӯ на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ шуҳрату эътибор пайдо намояд.

Дар ин радиф бояд тазаккур дод, ки маҳз бо шарофати истиқлол ва файзи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шумори кишварҳои дигар ҷойгоҳу манзалати худро дар арсаи байналмилалӣ пайваста устувор мегардонад.

Шоистаи зикр аст, ки Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат аз ибтидо сиёсати дохилию хориҷии худро ба ҳифзи истиқлолият ва тамомияти арзӣ, амният ва ваҳдати миллӣ, бунёди ҷомеаи демократӣ, рушди иқтисоди бозорӣ, эҷоди заминаҳои устувори ҳуқуқию байналмилалӣ, ҳамкориҳои бисёрҷонибаи мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, ба роҳ мондааст.

Мусаллам аст, ки дар шароити ҳассоси тағйироти геополитикӣ, аз байн рафтани низоми давлатдориҳои гуногун танҳо сарварони дорои истеъдоди фавқулода метавонанд масъулияти давлат ва мардуми онро ба дӯш гиранд ва киштии давлатдориро дар шароити тӯфони пурдаҳшат ба соҳили умед бирасонанд. Таърих гувоҳ аст, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсози ҳар миллат шахсиятҳое зуҳур менамоянд, ки масъулияти ояндаи миллатро ба дӯш мегиранд, кишвар ва мардумро аз вартаи фурӯпошию ҳалокат наҷот медиҳанд.

Дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, замоне ки давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар вартаи парокандагӣ қарор дошт, миллат ба роҳбари воқеӣ, ба пешвои мушфиқ, боирода, ботадбиру ташаббускор ниёз дошт, ки аз мушкилиҳо наҳаросида, миллатро сарҷамъ намояд, бо дӯсту душман муросо намояд, яъне бо дӯстон мурувват кунаду бо душманон роҳи мадороро пеш бигирад ва Тоҷикистонро ба кишвари амну босубот, пешрафта ва намунаи давлатдории миллӣ табдил диҳад, ки ин роҳбари хирадманду боирода Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ба майдони сиёсат бо ҷасорату матонати хос ва хиради воло ворид шуд.

Табиист, ки обрӯ ва маҳбубияти мардумӣ ба ҳеҷ кас осон даст намедиҳад. Барои ин ба ғайр аз хислатҳои азалии инсон ва роҳбар боз заҳмати шабонарӯзӣ, ғамхорӣ дар ҳаққи миллат ва ҷоннисорӣ ба хотири таҳкими истиқлоли давлатӣ, обрӯву нуфузи байналмилалии давлат ва пешрафти кишвар зарур аст. Хушбахтона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин саодатро бо маънои томаш соҳиб гардидааст.

Раванди давлатсозӣ раванди дурудароз ва пурпечутоб буда, дар ҳар як марҳилаи рушди он мушкилиҳои зиёд пайдо мешаванд. Имрӯз вақте ки аз бозиҳои бераҳмонаи бозигарони геополитикӣ — давлатҳои абарқудрат ҷаҳон ба гирдоби хунрезию даҳшатафканӣ кашида шудааст, вақте ки истиқлоли воқеии давлатҳо зери суол қарор дорад, вақте ки инсон рисолати тамаддунофарии худро иҷро карда натавониста истодааст, фақат он сарваре метавонад амну осоиши кишварашро таъмин намояд, ки қудрати фитрии идоракуниро дошта бошад. Маҳз ҳамин қудрати фитрӣ имрӯз ба Пешвои миллати мо имкон додааст, то дар уқёнуси пурталотуми ҷаҳонишавӣ мавқеи амнро интихоб намуда, сафинаи давлатдориро тинҷу осоишта идора намояд.

Ҳамзамон, раванди рушди муносибатҳои байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки мавқеи кишварҳо вобаста ба рушди иқтисодӣ, ҳарбӣ ва сиёсӣ муайян шуда, ҳар кадом барои ҳифзи манфиатҳои худ дар доираҳои муайяни иқтисодию сиёсӣ ва ҳарбию фарҳангӣ муттаҳид мешаванд. Дар ин раванд масъалагузориҳои Пешвои миллати мо вобаста ба масъалаҳои глобалии ҷаҳони имрӯза, аз қабили оби тоза, мубориза бо терроризм ва ҳимоя аз дини мубини ислом ин шахсияти бузурги таърихиро ба чеҳраи шинохтаи сиёсати байналмилалӣ мубаддал гардонидааст.

Алалхусус, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Пешвои миллатро вобаста ба эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021 — Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва пешбинӣ намудани имтиёзҳо барои соҳа аввалиндараҷа ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат саривақтӣ буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб пазируфта шуда, дар сатҳи байналмилалӣ пайравӣ ва татбиқ гардида истодаанд.

Махсусан, дар солҳои 2002 – 2003 ба ҷоизаи ЮНЕСКО «Шаҳри сулҳ» сазовор дониста шудани пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон  — шаҳри Душанбе, ҳамчун мусиқии классикии Тоҷикистон (ва Узбекистон) шоҳкории шифоҳӣ ва мероси ғайримоддии фарҳангии башарият эътироф гардидани «Шашмақом» аз ҷониби ЮНЕСКО (11 ноябри соли 2003), ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО бо қарори ҷаласаи 34-уми Маркази ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО ворид гардидани нахустин ёдгории таърихии Тоҷикистон — «Саразм» (31 июли соли 2010), сарфароз гардидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Медали ҷашнии «60-солагии ЮНЕСКО» аз ҷониби Созмони ЮНЕСКО барои табодули донишҳои илмӣ ва мусоидат ба пешрафт дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва ҳадафҳои рушди дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳангшуда, бо қарори ҷаласаи 36-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани «Боғи миллии Тоҷикистон — Кӯҳҳои Помир» ба Феҳристи мероси табиии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО (28 июни соли 2013), тибқи пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО ворид ва дар ҷумҳурию берун аз он таҷлил гардидандани 3000-солагии шаҳри Ҳисор, 700-солагии мутафаккир ва файласуфи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 600-солагии шоири барҷастаи адабиёти классикии тоҷик Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, 100-солагии оҳангсози барҷаста Зиёдулло Шаҳидӣ зимни ҷаласаи 37-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО (Париж, ноябри 2013) аз комёбиҳои сатҳи байналмилалию ҷаҳонии кишвари мо таҳти роҳбарии Пешвои хирадманду дурнигар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Имрӯз ҷаҳониён дар симои Президенти мамлакат тоҷику Тоҷикистонро мешиносанд. Ӯ муаррифгари воқеии давлат, фарҳангу тамаддуни миллат ва намунаи беҳтарини сиёсатмадорист.

Ниҳоди сарварии Пешвои миллати мо мактаби бузурги давлатдорист, ки ҳар як шахси худшиносу худогоҳ ва дорои эҳсоси баланди ватандорӣ бояд онро омӯзад. Таҳаммулпазирӣ, фарҳанги баланди сиёсӣ, инсонгароӣ, адолатпешагӣ арзишҳое ҳастанд, ки пойдории ин ниҳодро таъмин намуда истодаанд. Ӯ тавонистааст, эътимод ва эътирофи мардумро соҳиб гардад. Воқеан, давлатдории миллии мо падидаи нодире дар саҳнаи таърихи ҷомеаи башарият аст, ки ба гузаштаи мо зару зевар медиҳад.

Фаъолияти Пешвои миллати тоҷикон дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ ин 30 соли камолоти сиёсию таърихӣ ва худсозии шахсиятест, ки ҳастии худро ба ҳифзи ягонагии давлат ва ҳувияти миллии мардуми худ дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ бахшида, аз шахсияти Роҳбар то Пешвои миллат омада расидааст, аз ин рӯ, сазовор гардидани Президенти маҳбуби мо ба ин мукофоти олӣ дар сатҳи байналмилалӣ тасодуфӣ набуда, басо шоиставу арзанда аст.

Мо, аҳли Раёсат ва ҳайати устодону кормандони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои ваҳдатофари миллат, Сарвари оқилу доно ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ифтихор менамоем ва аз ин дастоварди назаррас меболем.

Таҳти шиори «Бо Пешвои миллат ба пеш!» – бо рӯҳбаландӣ фаъолиятро баҳри таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон ва дар маҷмӯъ, расидан ба ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат боз ҳам пурсамар ба роҳ хоҳем монд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар» 


14.08.2021 62