Россия нахустин ваксинаи зидди коронавирусро дар ҷаҳон сабт намуд

Россия нахустин ваксинаи зидди коронавирусро дар ҷаҳон сабт намуд

Президенти Россия Владимир Путин ҳангоми ифтитоҳи ҷаласа бо иштироки  аъзои  ҳукумати кишвар эълом намуд, ки нахустин  ваксинаи зидди коронавирус  дар ҷаҳон дар Россия ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора ТАСС 11 август хабар дод.

«То ҷое ки ман хабар дорам, саҳари имрӯз бори нахуст дар ҷаҳон ваксинаи зидди коронавируси нав ба қайд гирифта шуд», — гуфт президент.

Путин аз раҳбари Вазорати тандурустӣ Михаил Мурашко хост, ки дар ин бора маълумоти муфассал пешниҳод намояд. «Ман медонам, ки он хеле муассир аст, эминии баданро ба вуҷуд меорад ва такрор мекунам, аз ҳама санҷишҳои зарурӣ гузаштааст», — илова намуд сарвари Россия.

Қаблан Мурашко эълом намуда буд, ки озмоишҳои клиникии ваксинаи дар Маркази миллии тадқиқотии (ММТ) эпидемиология ва микробиологияи ба номи Н.Ф. Гамалеи Вазорати тандурустии Федератсияи Россия коркардшуда ба анҷом расиданд.

Истеҳсоли оммавии ваксинаи зидди коронавирус, ки дар Россия ба қайд гирифта шудааст, бояд ояндаи наздик оғоз шавад ва эмкунӣ бо ваксина ихтиёрӣ хоҳад буд, изҳор намуд Президенти Федератсияи Россия. «Умедворам, ки ояндаи наздик мо истеҳсоли оммавии онро оғоз хоҳем кард — истеҳсоли оммавии ин дору — муҳим аст», — гуфт сарвари давлат. Ба гуфтаи вай, ин барои он зарур аст, ки ҳамаи хоҳишмандон имконияти эм кардан дошта бошанд. Ҳамзамон Путин таъкид кард, ки «ин, албатта, бояд комилан ба таври ихтиёрӣ сурат бигирад».

«Ман медонам, ки коркарди чунин ваксинаҳо дар дигар муассисаҳои Россия идома дорад. Ба ҳама мутахассисон муваффақият таманно дорам, мо бояд ба онҳое, ки ин қадами аввалинро гузоштаанд, изҳори сипос намоем», — гуфт Путин ва  ин ихтироро барои Россия ва ҳам барои тамоми ҷаҳон бисёр муҳим арзёбӣ намуд.

«Чизи асосӣ, албатта, ин аст, ки мо дар оянда бехатарии бечунучарои истифодаи ин ваксина ва самаранокии онро таъмин намоем. Умедворам, ки ҳамин тавр ҳам хоҳад шуд», — идома дод сарвари давлат. Президент тамоми афродеро, ки дар коркарди дору саҳм гирифтаанд, табрик намуд. Вай инчунин аз Сарвазири Россия Михаил Мишустин, Вазири тандурустӣ Михаил Мурашко изҳори сипос кард ва саҳми муовини сарвазир Татяна Голиковаро қайд кард. «Ин муваффақият аст, бори дигар шуморо табрик мекунам», — гуфт сарвари давлат ба аъзои девони вазирон.

Путин аз вазир пурсид, ки оё ин гуна ваксинаҳо боз дар ягон ҷойи ҷаҳон ба қайд гирифта шудаанд ё не? Мурашко посух дод, ки дар Чин ва як қатор кишварҳо коркарди ваксинаҳо идома дорад, «аммо дар он кишварҳо таҳқиқоти клиникӣ ҳоло ҳам идома дорад.» «Дар асл, шаҳодатномаи бақайдгирӣ дар шакли пурраи он бори нахуст ба  Россия дода мешавад», — гуфт роҳбари Вазорати тандурустӣ.

«Умедворам, ки ҳамкасбони мо дар хориҷа низ пешрафт хоҳанд кард ва дар бозори ҷаҳонии доруҳо ва ваксинаҳо ба андозаи кофӣ маҳсулоти қобили  истифода пайдо хоҳад шуд», — гуфт Путин.

АМИТ «Ховар»


12.08.2020 132