Проблемаи ҷанг ва сулҳ дар шароити имрӯза

Проблемаи ҷанг ва сулҳ дар шароити имрӯза

Ҷангҳо то ҳол мутаассифона ҳамсафари доимии рушди инсоният ба шумор мераванд. «Ҷангҳо ин идомаи сиёсат танҳо бо дигар воситаҳо мебошад»

Барои он, ки амалиётҳои ҷангӣ гузаронида шаванд одамон яроқнок мешуданд ва кӯшиш мекарданд, ки намуди нави яроқро ихтироъ намоянд, ки душман надошта бошад.

Раванди мусаллаҳшавӣ дар тамоми замонҳо ба принсипи «диалектикаи снаряд ва зиреҳ (броня) итоат мекард» Ҳамавақт ба вуҷуд омадани воситаҳои мукаммали пурқуввати ҳамла (снаряд) сабаби ба вуҷуд омадани воситаҳои тавонои ҳимоя яъне зиреҳ (броня) мегардад ё баръакс ба вуҷуд омадани зиреҳҳои тавонои муосир боиси ихтирои снарядҳои пурзӯр мешуданд. Омили таъсиррасонии яроқи ядроӣ хеле калон мебошад.

Дар муддати якчанд даҳсолаи баъдиҷангӣ проблемаи ҷанг ва сулҳ, пешгирии ҷанги нави ҷаҳонӣ проблемаи глобалии инсоният ба шумор меравад.

Ҳамаи ҷангҳо дар пешрафти тамаддунҳои гузаштаи инсоният таъсири худро гузоштаанд.Танҳо дар асри ХХ дар ду ҷанги ҷаҳонӣ ва ҷангҳои маҳдуд зиёда аз 100 млн нафар одамон ҳалок гардидаанд.     

2. Хатари ҷанг дар шароити имрӯза

Нахустин таркиши яроқи ядроӣ дар биёбони наздикии шаҳри Аламо-Гордо (ШМА) 16 июли соли 1945 ба амал омад. Яроқи ядроӣ аз рӯи қувваи харобиовараш тез такмил меёфт. Масалан соли 1961 Иттифоқи Советӣ дар ҷазираи «Новая земля» дар баландии 4 км санҷиши бомбаи водородиро, ки қуввааш 50 мегатон буд амалӣ кард, ки мавҷи таркиш дуним баробар кураи заминро гузашт ва чунон ҳам харобкунанда буд, ки ду давлати асосии дорои чунин яроқ ШМА ва СССР ду ҳолати муҳимро дарк намуданд.

Якум: Яроқи ядроӣ аз рӯи тавоноияш ғалабаро дар ҷанг кафолат намедиҳад ва метавонад тамоми тамаддуни заминӣ ва мавҷудоти зиндаи сайёраро метавонад нобуд созад. Яъне сар карда аз солҳои 1960 уми асри ХХ дар шароити зиддияти биполярӣ ва «Ҷанги сард» дар ҷаҳон вазъияти «Нобудсозии кафолатноки ҳамдигар» ба вуҷуд омад. Ин вазъиятест, ки ҳамаи тарафҳо дарк мекунанд, ки имконияти нобуд сохтани тарафи дигарро доранд. Дар як вақт медонанд, ки аз зарбаи ҷавобӣ худашон низ нобуд мешаванд. Чунин вазъият ҷонибҳои ҷангкунандаро водор месозад, ки аз бархӯрди термоядрои худдорӣ карда, ҳаётро дар сайёра ҳимоя намоянд. Ҷанги ядроӣ метавонад анҷоми ҳамаи сиёсатҳо шавад.

Дуюм: Давлатҳои дорои яроқи ядрои Британияи Кабир, Хитой ва Фаронса хатари ба олам паҳн шудани яроқи ядроиро дарк намуданд. 1 июли соли 1968 дар шаҳри Москва Итифоқи Советӣ, ШМА ва Британияи Кабир яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими байналмилалӣ-ҳуқуқии асри ХХ-ро имзо карданд. Ин ҳуҷҷат «Аҳднома дар бораи паҳн накардани яроқи ядроӣ ном дорад». Мувофиқи он ин давалтҳо ҳуқуқ надоранд, ки яроқи ядроӣ ва компонентҳои онро ба дигар давлат интиқол диҳанд. Соли 1968 боз 55 давлати дигар ба он ҳамроҳ шуданд. Дар асоси он режими паҳн накардани яроқи ядроӣ ба вуҷуд омад.

Дар шароити имрӯза раванди рушди истеҳсоли яроқи ядроӣ дар Хитой хатари ҷиддӣ пайдо мекунад. Соли 2003 дар съезди ҲКХ эълон шуд, ки то соли 2050 Хитой артише месозад, ки дар ҷанг дилхоҳ рақибашро мағлуб менамояд. Бо вуҷуди ин то ин дам шумораи яроқи ядроӣ афзуда, ба минтақаҳои дигар паҳн шуда истодааст.

3. Маълумот дар бораи давлатҳои дорои яроқи ядроӣ

ШМА, Россия, Франсия, Британияи Кабир, Хитой Ҳиндустон Кореяи Шимолӣ ва Покистон давлатҳои абарқудрати дорои яроқи ядроӣ мебошанд.

Аргентина Бразилия, Кореяи Ҷанубӣ ва Тайван аз барномаи рушди ядроии худ даст кашиданд.

Белоруссия, Қазоқистон ва Украина ракетаҳои ядроии худро аз СССР мерос гирифтанд вале аз нигоҳдории он даст кашиданд. Солҳои 90 ироқ кӯшиши сохтани яроқи ядроиро дошт. Эрон бошад ҳаракат дорад. Чунин ҳолат дар олам ҳанӯз ҳам хатарро нигоҳ медорад.

Айни замон ШМА 741 истгоҳи парвоз ва 1481 адад яроқи ядроӣ (боеголовок) доранд. Россия 521 воситаҳои интиқолдиҳанда ва 1 735 адад яроқи ядроӣ доранд.

Дар як заряди ядрои қувваи вайронкунандае ҷой дорад, ки қувваааш якчанд маротиба аз ҳамаи воситаҳои таркандаи дар ду ҷанги ҷаҳонӣ истифодашуда зиёд аст. Достаточно сказать, что в одном ядерном заряде могла быть сконцентрирована разрушительная сила, в несколько раз превышающая силу всех взрывчатых веществ, использованных во всех предшествующих войнах вместе взятых.

Яке аз назариячии машҳури Клуби Римӣ А. Печчеи ақида дорад, ки комплекси илмӣ-техникие, ки инсон сохтааст, системаи инсониро ба бесарусомонӣ (хаос) оварда расонид. Сабаби асосиро дар норасогии психологӣ ва ахлоқии фардӣ, ҳарисӣ (алчность), майл ба бадӣ, зурӣ мебинад. Бинобар ин, нақши асосиро дар тағйирёбии гуманистонаи инсоният ин «дигаргун шудани одат, ахлоқ ва рафтори одамон» мебозад.    

Тағйирёбии сифатҳои инсонӣ калиди ҳалли проблемаҳо мебошад. Инҷо масъала дар он аст, ки чӣ тавр инсонҳои тамоми гӯшаю канори оламро ба ин бовар кунонидан лозим аст.

 

ШУЪБАИ ТАРБИЯ


04.10.2021 33