Оғози корҳои ободонӣ дар Маркази таълимӣ-клиникии “Стоматология”

Оғози корҳои ободонӣ дар Маркази таълимӣ-клиникии “Стоматология”

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат, Президанти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи дониш   бо мақсади пешгирии паҳншавии минбаъдаи ин бемориҳо вируси гепатитҳо дар муассисаҳои тиббӣ чораҳои пешгирикунандаи сироятёбиро мегузаронанд.

Гепатитҳои вирусӣ бемориҳои сироятии интишорёфтаи хатарнок ба ҳисоб мераванд.  

Тибқи супориши Ректори донишгоҳ барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ намудани паҳншавии вирусҳои СПИД ва гепатитҳо ва ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгу намудани марказ корҳои таъмирии капиталӣ оғоз карда шуд.

Роҳбарияти донишгоҳ ва марказ тасмим гирифтанд, ки маркази таълимӣ-клиникии “Стоматология”-ро барои дар оянда ҳамчун парки техникӣ фаъолият кардан, омода намуда, бо тамоми таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин намоянд.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия


11.06.2019     32