Н О Г У Ф Т А Ҳ О ё дар интизори аломати нуқта

Н О Г У Ф Т А Ҳ О  ё дар интизори аломати нуқта Ман ба пайравони Сайид Абдуллоҳи Нурӣ коре надорам. Онҳоеро, ки мешиносам, одамони ботақво ва дорои маънавиётанд. Ягон нафаре аз онҳо ба зиштӣ даст намезанад.

Ҳамаи онҳое, ки ба ман дармеафтанд, "бозёфтҳои" Кабириянд. Аз Темур Варақи то кадомин Муминовае, ки бо номи "Хоҳар Ҳумайро" машҳур аст. Ба Варақӣ эроде надорам. Худозадаро ҳамин кофист, ки Эзид варо бахтбаргаштаву сияхгилемаш офаридааст. Дигаронаш кирои номашонро ба забон овардан надоранд. Гарчанде ном ба ном ҳамаашонро медонам.

Ва чанд хоҳиш аз:
1. МИЁНАРАВҲО.
Борҳо, намедонам 25 бор ё 30 бор аст, ки ё телефон мекунанд ва ё наздам меоянд, ки бо Кабирӣ сулҳ кунед. Ҳарчанд бо далелҳо исбот менамоям, ки бо Кабирӣ пайвастан хиёнат ба озодӣ, хиёнат ба мубориза, хиёнат ба миллат аст, боз ҳам истодагарӣ мекунанд. Маро ором гузоред.

2. НАСИҲАТФАРМОЁН
Онҳо мегӯянд: "бале Кабирӣ палид аст. Аммо баҳси шумо бо ӯ ба суди ҳукумат аст".
Ҳукуматҳо меоянду мераванд, аммо барои ман давлати Тоҷикистон муҳимтар аст. Роҳи Кабирӣ роҳ ба ҷазирист. Роҳ ба асри миёна. Роҳ ба сӯӣ толибони тоқипӯш ва галстуку шляпаву кепкапӯш аст.
Носеҳони гиромулқадр, худро бошед.

3. КОРШИНОСОН
(аксаран аз Россия ва ононе, ки Тоҷикистонро аз гуфтаҳои худам мешинохтанд ва ҳоло ба доми Ал- Файзободӣ афтодаанд)
"Кабирӣ аз ислом даст кашид. Дигар номи ҲНИТ-ро амр кардаст, ки ба забон наоваранд ва ӯро чун раиси Паймони миллӣ ё лидери оппозитсияи тоҷик ном баранд. Боз чӣ мехоҳӣ?" Посухи ман онҳоро бештар асабӣ мекунад: "одаме, ки ба номи Худо карйера сохт, аз харсаворӣ ба мерседессаворӣ гузашт, имрӯз аз номи Худову динаш даст мекашад, магар метавонад мавриди эътиқод бошад?".
Ман Макиавеллиро дӯст намедорам. Сиёсат барои ман ростӣ ва пок аст. Макрро ман қабул надорам. Махсусан, макрҳои музофотии як бодовардаеро!
Агар Кабирӣ худро роҳбари кунтеҳои Тоҷикистон эълон кунад, бутпараст ё бехудо эълон кунад ҳам, Кабирӣ барои ман як шогирди ношуди Ал- Бағдодӣ хоҳад монд.
Ал- Бағдодӣ бо Калашников мекушад. Ал- Файзободӣ бо тӯҳмату бӯҳтон. Бо макру ҳиял. Аз паси парда. Аз паноҳгоҳ.

4. ҲУКУМАТ
Ман аз шумо ҳеҷ гоҳ чизе нахостаам. Шумо маро хуш надоред, ман шуморо. Аммо имрӯз бо як дархост муроҷиат менамоям: илтимос, ҳамин мори дар остин парвардаатонро баргардонед, боз як бор бозори занашро ба ӯ баргардонед, вакил интихобаш кунед, ки нагузоштед, дар Ватан бошем, ҳадди ақал дар Аврупо ором нафас гирем. Валлоҳи аз дасти ин бадбахт мо рӯз надорем. Ё ин ҳама сиёсати шумост, ки тамоми тортанакҳову шағолонро писархонди шумо ба Аврупо биёварад?
Кабирӣ ҳамеша лоф мезанад, ки "пеш аз Тоҷикистон берун рафтан чаҳор соат бо Сайидмӯмин Ятимов сӯҳбат доштам". Оё мавзӯъи сӯҳбат бадном кардани оппозитсияи демократӣ ва аз саҳна бурун андохтани "душмани рақами 1"-и ҳукумат - Атовуллоев набуд?!

5. КАБИРӢ
Азизам! Доктор, пешвои сонӣ, донотарин тоҷики аср, шер, паланг, рӯбаҳ ва намунаи беҳтарини олами ҳайвоноту наботот!
Ба умеди чанд фейк ва чанд гумном нашав. Аз он сафсатаҳое, ки онҳо бо супориши ту ба рағми ман менависанд, шод машав. Худат нархи онҳоро медонӣ, маҳорату манзалати онҳоро медонӣ. Зӯри беҳуда миён мешиканад. Хануз дарк накарди?
Аз ислом рӯ тофтӣ. Ихтиёрат. Ҳоло дигар ту ниқоби демократӣ гирифтӣ. Акнун биё мисли ман ба майдон. Саҳфаатро дар Фейсбук фаъол кун. Бас аст аз паси парда "сиёсатбозӣ" кардан. Ва ману ту баҳсе биороем.
Як ба як.
Он- лайн.
Ман гӯяму ту бишнав, ту гӯву ман бишнавам.
Ва мардум низ ба пурсишҳои худ посух бигиранд. Ҳам ҷони ту халос, ҳам ҷони ман! Баҳси ду сиёсатмадор яке аз оинҳои фарҳанги сиёсист.

6. МАРДУМ
Оё шумо тарафдори баҳси рӯ ба рӯ ҳастед?
Ба гуфти Қаҳҳор Маҳкамови худораҳматӣ: "ким зид, ким тарафдор?"

Д. А.

P. S. Ин акс ҳам моли лесакони Кабирист.
13.12.2018     41