Мусоҳибаи Абдуллои Раҳнамо намояндаи расмии Тоҷикистон дар САҲА бо CA.TV

Мусоҳибаи Абдуллои Раҳнамо намояндаи расмии Тоҷикистон дар САҲА бо CA.TV CA.TV: Дар ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баромад доред ва суҳбати Шумо дар кадом мавзӯъ хоҳад буд?
А.Раҳнамо: Суҳбате, ки имрӯз ман дорам мувофиқи рузномаи конфронс дар бораи озодиҳои дин, виҷдон ва ақида дар Тоҷикистон аст ва ман ҳамчун узви ҳайати расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласа суҳбат мекунам. Ва ду нуқтаи муҳимро мехоҳам ба ҳозирин муаррифӣ кунам: яке сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва озодиҳои виҷдон ва дувум вазияти воқеие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ин соҳа вуҷуд дорад, ин ҳадафи ман аст.
CA.TV: Аз назари Шумо вазъияти воқеии Точикистон чӣ гуна аст нисбат ба озодӣ?

22.09.2019 166