Мизи мудаввар бахшида ба “Мақоми зан дар ҷомеа”

Мизи мудаввар бахшида ба “Мақоми зан дар ҷомеа”

20 октябри соли ҷорӣ дар бинои 6 шаҳраки “Шифобахш” аз тарафи Шӯрои бонувон бо донишҷӯдухтарони курси 6 факултети тиббӣ, курси 5 факултети педиатрӣ, ординаторони клиникӣ ва интернаҳо мизи мудаввар бахшида ба “Мақоми зан дар ҷомеа” гузаронида шуд.

Раиси Шӯрои бонувони донишгоҳ Гулнора Бобоевна Ҳоҷиева дар бораи мусоид будани ҳамаи шароитҳо барои хондан ва кор кардан дар мамлакати демократии мо гуфта гузашт. Дар моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии занону мардон оварда шудааст. Занҳо баробари мардон кор ва фаъолият мекунанд. Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: “Танҳо зан ва модари бомаърифат муайянкунанда ва созандаи маърифати миллат аст”.

Аъзои фаъоли Шӯрои бонувон Муродова Зевар донишҷӯдухтари курси 6-и факултети тиббӣ дар маърӯзаи худ оиди фармони Пешвои миллат “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ва дар таъмини иштироки воқеии занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлатӣ гуфта гузашт. Дар парлумони кишвар, маҷлиси миллӣ, вазоратҳо, мақомоти судӣ, донишкадаю донишгоҳҳо, умуман дар ҳамаи мақомотҳо ва зинаҳои давлатӣ занон фаъолона кор мекунанд.

Дар охири чорабинӣ оиди пешгирии шомилшавии занону ҷавондухтарон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, худогоҳии миллӣ, ватанпарварӣ гуфтугузор шуд.

Роҳҳои пешгирии коронавируси COVID-19, ҷиҳати риояи гигиенаи шахсӣ, гигиенаи ҷамъиятӣ, фосилаи иҷтимоӣ, талаботҳои зиддиэпидемикӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, оиди бемории ВНМО низ яке аз мавзуъҳои суҳбат қарор гирифт..                                                                      

Шӯрои бонувон


21.10.2020 263