МАЪЛУМОТ ОИД БА ВАЗЪИ БЕМОРИИ COVID-19 ДАР ТОҶИКИСТОН

МАЪЛУМОТ ОИД БА ВАЗЪИ БЕМОРИИ COVID-19 ДАР ТОҶИКИСТОН
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 86 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 58 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Инчунин, дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 43 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 7235 нафар баробар гардид.
Ҳамзамон, то санаи 27 июл дар мамлакат 6028 (83,3%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 60 нафар фавтидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.
Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.


Манбаъ: http://moh.tj/?p=21719



27.07.2020 22