Корҳои таъмирӣ дар МТК “Стоматология”

Корҳои  таъмирӣ  дар МТК “Стоматология”

Тибқи супориши ректори донишгоҳ д.и.т. профессор Гулзода М.Қ.  дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори cулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои таъмири капиталӣ  дар МТК “Стоматология”-и донишгоҳ барои ба стандартҳои  ҷаҳонӣ  ва талаботҳои санитари  ҷавобгўй намудани ин марказ дар арафаи анҷомёбист,ки барои пешгири намудани паҳншавии бемориҳо аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Роҳбарияти марказ  ва 9 бригадаи сохтмонӣ, ки барои анҷоми  кор дар Марказ вазифадор шудаанд, ба таври шабонарӯзӣ фаъолият доранд.Тамоми ноқилҳо, қубурҳои обрав ва обпартов, ҳавокашакҳо, ноқилҳои  хати  интернетӣ, зидди сухтор  ва камераҳои мушоҳидавӣ  иваз карда ба талаботҳои санитари мутобиқ карда шуданд.

Тасмим гирифта шудааст, ки то ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, МТК “Стоматология” аз таъмири пурраи капиталӣ бароварда шуда, бо тамоми шароитҳои корӣ таъмин ва  ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ ба истифода дода шавад.           Донишгоҳ тамоми шароити заруриро барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги донишомӯзии  донишҷӯён, рушди ҳамаҷонибаи табиби оянда таъмин мекунад.  Қисми муҳим дар ташаккули табиби ҳақиқӣ ин муносибати вижа ба пиронсолон ва хурдсолон, изҳори ҳамдардӣ ва хоҳиши кӯмак кардан мебошад.

Дар донишгоҳи мо, дар партави рушди технологияҳои инноватсионӣ, дарки нави мазмуну мундариҷаи фазои таълимӣ ташаккул меёбад, ки шаклҳои суннатӣ, усулҳо, равишҳо ва воситаҳои таълимиро ба ҳам муттаҳид мекунад. Ҳамаи ин имкониятҳои нави омӯзиш, мониторинг ва арзёбӣ кардани дониши донишҷӯён, баланд бардоштани имкониятҳои тадқиқотӣ ва рушди донишгоҳ, ҷорӣ намудани моделҳои нави идоракуниро фароҳам меоварад.

Ҳамаи фаъолиятҳои донишгоҳ барои он равона шудааст, ки ҷавононе, ки қисми ҷудонашавандаи Донишгоҳи мо гардидаанд, битавонанд дониши шоиста ва дипломро ба даст оранд, ба ояндаи касбиашон эътимод дошта бошанд ва беморони дармонгоҳҳои мо, комплексҳои табобативу профилактикӣ ва дигар муассисаҳои тиббӣ ба кӯмаки самараноки кормандони тиббие, ки бо стандартҳои байналмилалӣ мутобиқат доранд,  таъмин гарданд.

Мақсади асосии донишгоҳ ноил гардидан ба натиҷаҳои баланд мебошад, ки мо бо кори ҳаррӯзаи худ дар ин самт талош намуда истодаем  то заррае бошад ҳам дар ободии кишвар саҳм дошта бошем .

 

И.С. Одинаев, Директори  МТК  Соматология   н.и.т. 


26.08.2019     79