КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – САНАДИ КАЛИДӢ, КИ ПОЯИ ДАВЛАТДОРИРО ГУЗОШТ
«Конститутсия барои гузоштани пояҳои давлатдории нави тоҷикон, ба даст овардани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули озодонаи шахсият заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам овард».
Эмомалӣ Раҳмон
Конститутсия дар ҳаёти ҷомеа нақши бузург мебозад ва дар тамоми низоми ҳуқуқии давлат мавқеи хос дорад, ки зарурати омӯзиши ҳамаҷонибаи онро ҳамчун объекти мустақили маърифати илмӣ ба миён меорад.
Конститутсияҳо ба маънои муосири ин калима дар охири асри XVIII пайдо шуданд. Дар давраи феодализм дар баробари ин истилоҳ ибораи «қонуни асосӣ» низ истифода мешуд, ки ҳоло аксар вақт ҳамчун муродифи калимаи «конститутсия» корбаст мегардад.
Конститутсия – қонуни асосии давлат, санади махсуси меъёрии ҳуқуқӣ мебошад, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дорад. Он принсипҳои бунёдии сохтори ҷомеа ва давлатро мустаҳкам намуда, асосҳои ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ва ташкили ҳокимиятро муайян мекунад, инчунин ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Бо ҳамин роҳ ба он 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Конститутсияи ҶТ, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардидааст, заминаи муҳими ҳуқуқӣ ва сиёсӣ барои таҳкими давлатдорӣ ва рушди кишвар мебошад. Дар ташаккули ин санади тақдирсоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳим бозидаанд. Конститутсияи ҶТ – санади олии ҳуқуқӣ буда, аз ҷониби коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла мутахассисони Федератсияи Россия, ИМА ва кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифтааст. Он яке аз панҷ конститутсияи беҳтарин дар байни давлатҳои узви Созмон оид ба амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст.
Конститутсияи ҶТ ҳамчун Қонуни асосӣ асосҳои ҳуқуқии давлат, тамомияти кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин пояҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеаи тоҷикро муайян намуд. Он барои ташаккули қонунгузории ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ замина гардид ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро новобаста ба миллат, минтақа, забон ва дин ҳадафи худ қарор дод.
Санад аз 10 боб ва 100 модда иборат аст.
Боби I – «Асосҳои сохтори конститутсионӣ»
Боби II – «Ҳуқуқ, озодиҳо ва ӯҳдадориҳои асосии инсон ва шаҳрванд».
Бобҳои III – IX – ба ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатӣ: парламент (Маҷлиси Олӣ), Президент, Ҳукумат, ҳокимияти маҳаллӣ, суд, прокуратура, инчунин Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида шудаанд.
Боби X – тартиби ворид намудани тағйирот ба Конститутсияро танзим мекунад.
Принсипҳо ва хусусиятҳои асосии Конститутсия.
Амали бевоситаи Конститутсия. Меъёрҳои он бартарӣ доранд: қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки ба Конститутсия мухолифанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.
Афзалияти ҳуқуқи байналмилалӣ. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии миллӣ мебошанд. Агар байни онҳо ва қонунҳои кишвар мухолифат ба миён ояд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ татбиқ мегарданд.
Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ – арзиши олӣ. Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро нуқтаи ибтидоӣ ва маънои фаъолияти ҳамаи сохторҳои ҳокимият эътироф мекунад.
Муқаррароти тағйирнопазир. Моддаи 100-уми Конститутсия муқаррар мекунад, ки шакли ҷумҳуриявии идора, тамомияти арзӣ, инчунин моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд.
Тағйиру иловаҳо. Тағйирот ба Конститутсия тавассути раъйпурсӣ ворид карда мешавад. Пештар тағйиру иловаҳо соли 1999 (он вақт парламент дупалатагӣ гардид) ва соли 2003 (мӯҳлати ваколати Президент зиёд карда шуд) ворид гардида буданд.
Аҳамияти Конститутсия. Конститутсия ҳамчун асоси ҳуқуқии бунёди давлати мустақили тоҷикон хизмат намуда, орзуву ормонҳои давлатдории миллиро ифода мекунад, манфиатҳои миллӣ, мероси таърихӣ ва фарҳангиро ҳифз менамояд. 6 ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – иди миллӣ ҷашн гирифта мешавад.
Дар бораи аҳамияти Конститутсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «6 ноябри соли 1994 дар таърихи Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқӯъ пайваст. Бори аввал дар таърихи беш аз ҳазорсолаи худ халқи тоҷик тавассути раъйпурсӣ Конститутсия қабул кард. Иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ин раванд пирӯзии демократия дар Тоҷикистон гардид».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси қонунгузорӣ ва пояи устувори рушди давлатдории нав буда, принсипҳои соҳибихтиёрӣ, демократия ва тартиботи ҳуқуқиро дар кишвар таъмин менамояд.
«Конститутсия асосҳои ҳуқуқии истиқлолият ва пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии моро мустаҳкам намуд. Конститутсия манбаи ташаккули низоми қонунгузории давлати муосири мо гардид ва иштироки озодона ва васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар ва идоракунии давлат таъмин кард».
Эмомалӣ Раҳмон
Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона