«Кохи Наврӯз» — яке аз 8 муъҷизаи СҲШ имрӯз мизбони 20-умин солгарди таъсиси СҲШ мебошад

«Кохи Наврӯз» — яке аз 8 муъҷизаи СҲШ имрӯз мизбони 20-умин солгарди таъсиси СҲШ мебошад

Имрӯз дар Маҷмааи «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе, ки ба феҳристи «8 муъҷизаи СҲШ» шомил гардидааст, ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба 20-умин солгарди таъсиси ин созмон бахшида шудааст, ҷараён дорад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти ин ҷаласаи  бонуфуз.

Дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ (онлайн), Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин (онлайн), Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин (онлайн) ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, сарони давлатҳои нозир дар СҲШ — Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ ва Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух (онлайн), Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба ҳайси меҳмони фахрӣ, инчунин Дабири кулли СҲШ Владимир Норов ва Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумъахон Ғиёсов иштирок доранд. Дар  нишаст инчунин Дабири кулли СММ (онлайн) ва роҳбарони созмонҳои минтақавӣ — ИДМ, СААД, МҲТБО, ЭКО ва ИИАА ширкат мекунанд.

Бояд гуфт, ки дар баробари қабули пешниҳоду ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин маконҳои таърихии кишвари азизамон ба рӯйхати ҷойҳои аҷибу ғайриодии созмони мазкур пазируфта шудаанд. Яке аз онҳо Маҷмааи «Кохи Наврӯз» мебошад, ки ба феҳристи «8 муъҷизаи СҲШ» шомил гардидааст.

Вуруди Маҷмааи «Кохи Наврӯз» ба ин феҳрист зимни баргузории чорабиние бахшида ба Рӯзи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай ва рӯнамоии лоиҳаи иқтидорҳои сайёҳии кишварҳои аъзои созмон таҳти унвони «8 муъҷизаи СҲШ», ки дар ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзо роҳандозӣ гардида буд, аз ҷониби котиботи СҲШ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ карда шуд.

Дар чунин чорабинии муҳташам ба ҳозирон санъати наққошӣ, кандакорӣ, чӯбкорӣ, гаҷкориву оинабандӣ ва ҳунари сангтарошии мардуми тоҷик тариқи аксу нигораҳо ва роликҳои видеоӣ намоиш дода шуданд, ки воқеан, мояи ифтихору сарфарозии шаҳрвандони Тоҷикистон аст.

Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии «Кохи Наврӯз» дар маркази пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷойгир мебошад. Он аз 5 ошёна иборат буда, дар масоҳати 40 ҳазор метри мураббаъ доман густурдааст. Кох бо санъати волои тоҷикӣ — гаҷкорӣ, оинабандӣ, наққошӣ, кундал, кандакорӣ, сангтарошӣ, чӯбкории ҳунармандони тоҷик оро ёфтааст. Ҳамчунин 4 айвончаи тобистона  ва фаввораҳои рангаи хурду бузург ба бино шаҳомати хосса  мебахшанд.

Тавре дар суҳбат бо мо сармеъмори ин маҷмаа Самӣ Азизиён иброз дошт, маҷмааи «Кохи Наврӯз» бо шакли тоҷ сохта шудааст, ки он нишон аз тоҷдорӣ, сарбаландӣ, соҳибдавлатӣ ва баргузидагии миллати тоҷик мебошад. Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии «Кохи Наврӯз»  бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири эҳё ва рушди таъриху тамаддуни бой ва ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик бунёд гардида, онро метавон ганҷина ё худ осорхонаи таърих, тамаддун, фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии миллати тоҷик номид. Ин маҷмаа то ҳол дар ҷаҳон назир надорад.

Бояд гуфт, ки бинои «Кохи Наврӯз» чанд маротиба макони баргузории чорабиниҳои муҳими сатҳи ҷумҳурияӣ ва минтақавию байналмилалӣ гардид ва тибқи нақша, сармеъмори он ин чизро ба назар гирифта, дар таҳхонаи  бино таваққуфгоҳ тарҳрезӣ намудааст, ки дар як вақт 250 мошин ҷойгир карда мешаванд. Дар Кох дар умум дар як вақт имкони қабули 3 ҳазору 200 меҳмон мавҷуд аст.

«Кохи Наврӯз» дорои 15 толор мебошад, ки «Зарандуд», «Гулистон», «Дидор» ва «Аржанг» калонтарини онҳо ба шумор мераванд. Ба ғайр аз ин боз чунин толорҳо: боулинг, билярд, диско-клуб, кинотеатр 3D, 4D, 5D, кофе брейк — хонаи интизорӣ, се толори дигар барои шахсони муҳим (VIP) ва тарабхонаи замонавии аврупоӣ  ба кох ҳашамати  зиёд  зам намудаанд. Корҳои сохтмонии маҷмаа 5 сол идома ёфта, аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи  корпоратсияи «Сомон Душанбе» ва дигар ширкатҳои ватанӣ амалӣ карда шуданд. Ҳамин тавр,  12 сентябри соли 2014 зимни баргузории ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай бо иштироки роҳбарони давлатҳои аъзо ва нозир бинои «Кохи Наврӯз» расман ба истифода дода шуд.

Имрӯз ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва 20-умин солгарди таъсиси СҲШ дар толори «Зарандуд»-и ин маҷмаа доир гардид.

«Толори бошукӯҳу барҳавои «Зарандуд»  яке аз калонтарин толорҳои маҷмаа  ба ҳисоб меравад. Он 1000 метри мураббаъ масоҳат дошта, бо санъати гаҷкорӣ, гаҷкорӣ дар рӯйи оина ва тиллокорӣ ороиш дода шудааст. Баландӣ, дарозӣ ва паҳноии он 36-метрӣ мебошад.  Қутри қандиле, ки дар он мавҷуд аст, 10 метр ва баландияш 22 метр буда, зиёда аз 6 ҳазору 700 килограм вазн ва 1 600 чароғаки каммасраф ва технологияи махсусе дорад, ки барои тоза кардан, иваз кардани чароғакҳо ва дигар корҳои техникӣ поён фароварда ва боло бароварда мешавад», — афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи Самӣ Азизиён, толори мазкур 16 андар 16 ва 16 мебошад. Яъне дар толор 16 сутуни баландияш 16-метра мавҷуданд, ки дар болои онҳо 16 нимгунбаз ҷой дода шудаанд. Инчунин дар он 16 – тои дигар  карнай, ҳавокаш, меҳроб, гунбаз, арк ва тиреза мавҷуд мебошанд, ки ҳар кадоми  инҳо рамзе доранд. Ин рамзи Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки 16 ноябри соли 1992 оғоз гардид ва 16 рӯз идома ёфт.

Инчунин 16 ноябр дар мамлакати соҳибистиқлоли мо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. «Аз ин хотир мо барои пос доштани таърих ва ин санаҳои муҳим толорро рамзӣ бунёд кардем», — илова намуд мавсуф.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

 АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»


17.09.2021 49