ХАТЛОН: МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ БО ТАҶҲИЗОТИ ТИББӢ ТАЪМИН МЕШАВАНД

ХАТЛОН: МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ БО ТАҶҲИЗОТИ ТИББӢ ТАЪМИН МЕШАВАНД
Дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат ва баландихтисоси тиббӣ, сохтмон, таъмиру барқарорсозӣ, воридоти таҷҳизотҳои муосири тиббӣ ва ҷорӣ намудани усуслҳои нави хизматрасонии тиббӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба шумор меравад.
Давоми 6 моҳи аввали соли ҷорӣ ба як қатор муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон таҷҳизотҳои муосири тиббӣ ворид карда шуд. Аз ҷумла ба сохтори КАТС-и ноҳияи Ҷ.Балхӣ 5 адад таҷҳизоти замонавии стоматологӣ, 1 адад таҷҳизоти таъмизгардонӣ (автоклав), 1 адад таҷҳизоти ташхиси ИФА, ба сохтори КАТС-и шаҳри Бохтар ду адад таҷҳизоти УЗИ барои ташхиси узвҳои дохила ва як адад таҷҳизоти УЗИ барои ташхиси бемориҳои чашм, ба Маркази бемориҳои дили вилоятӣ дар шаҳри Бохтар буда як адад Монитори назди кати бемор, як адад Холпер-монитор, як адад Инфузомат, як адад кати функсионалӣ, як адад Холпери шабонарўзии фишори хун, як адад Холпери шабонарўзии сабти барқи дил, як адад Анализатори атероклероз, як адад таҷҳизоти сабти барқи дил, ба Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун як адад рентгени рақамӣ, ба Маркази вилоятии бемориҳои чашми дар шаҳри Бохтар буда дастгоҳи лазери “Лахта –Милон” –и ширкати “Милон-Лазер” дастрас карда шуданд.

Манбаъ: http://moh.tj/?p=21724



28.07.2020 33