ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон беш аз 81%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфтанд

ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон беш аз 81%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфтанд
Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 44 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 19 июл ба 6878 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 5578 нафар ё худ беш аз 81%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 57 нафар фавтидаанд.
«Шабонарӯзи охир 168 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 49 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуданд аз маркази матбуоти вазорат.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.
АКС аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

19.07.2020 38