Фурӯғи Истиқлол-ояндаи дурахшони Тоҷикистон!

Фурӯғи Истиқлол-ояндаи дурахшони Тоҷикистон!

Ба хотири дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби ҷавонон ба соҳаҳои гуногуни кишвар бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва дигар озмунҳо дар саросари мамлакат бо як шаҳомати хос баргузор мегардад. Бо баргузории ин озмунҳо имконият фароҳам оварда шуда, ки савияи дониши ҷавонон боло раваду дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия ёбанд. Натиҷаҳои озмунҳои мазкур чеҳраҳои нави эҷодкору боистеъдод ва донишмандро аз ҳисоби ҷавонон дар соҳаҳои гуногун падид омаданд. Фазои осоиштагӣ имкон фароҳам овард, то насли наврасу ҷавони ҷомеа тавассути ҳунари воло, дарку фаҳмиш, донишмандии хеш мақоми шоистаро дар ҷомеа соҳиб гарданду баҳри рушди он талошҳо намоянд. Миллати тоҷик миллати фарҳангсолору донишманд ва ободгару башардӯст буду мемонад. Дар замири халқи тоҷик, бахусус насли наврасу ҷавон ин рафтору андешаи солим тақвият меёбад. Имрӯзҳо тамоми аҳолии ин сарзамини ободу осуда пайваста талош меварзанд, ки аз тамоми шароитҳои мусоиди фароҳамовардашуда баҳра баранд ва номи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд.

Ҳаминро бояд гуфт, ки дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобдорӣ низ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад. Зеро дар ташаккули андешаи миллӣ, шарафёб гардидан ба навгониҳои муосир, аз худ намудани донишҳои замонавӣ ва таҳкими Истиқлол нақши китоб хеле бузург аст. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва дастгириҳои Роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тиҷкистон дар мамлакат китобхонаҳо бо шароити муосиру дастрас сохта шуда, ҳамарӯза ҳамагон аз онҳо истифода менамоянд. Маҳз, ҳамин дастгирихои маърифатпарваронаи Роҳбарияти олии давлат аст, ки солҳои охир соҳаи китобдорӣ, илму ирфон рӯз то рӯз рушд намуда истодааст. Хушбахтона ҷавонони замони соҳибистиқлол бо шукргузорӣ аз ин фазои осоишта, дарки баланди масъулиятшиносӣ бештари вақти худро ба хондани китобҳои илмию бадеӣ мегузаронанд.

Ба хотири ояндаи дурахшон ва гиромидошти арзишҳои миллӣ ҳамагон метавонанд, дар чунин озмунҳо иштирок намуда, ҳунару истеъдод ва дониши худро муаррифӣ намоянд. Дар фазои осудагии Ватан ва ҷавобан ба ғамхориҳои Роҳбарияти давлат пайваста бояд илму дониш омӯхт ва ин ҳама созандагиҳову ободкориҳоро қадр намуд.

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор


31.08.2021 42