Донишмандон интернетро махзани бузурги иттилоот медонанд ва истифодаи самараноки онро тавсия медиҳанд

Донишмандон интернетро махзани бузурги иттилоот медонанд ва истифодаи самараноки онро тавсия медиҳанд

Интернет охири асри 20 дар Америка ихтиро шуда, дар аввал онро ҳамчун алоқаи байни корхонаҳо ва идораҳо истифода мекарданд, ки доираи махсуси истифодабарандагонро ташкил менамуд ва дар байни оммаи халқ роиҷ набуд ва тадриҷан шумораи истифодабарандагони ин алоқа дар байни аҳолии ҷаҳон паҳн гардид. Асри навини илму техника ва техналогия дар зинадгии мо тағйироти зиёд ворид намудааст, ки муҳимтарини он интернет мебошад, зеро олимон онро муъҷизаи аср барои башарият мешуморанд. Интернет махзанест, ки он тамоми соҳаҳои ҳаёти инсонро дар бар мегирад ва бо он кору фаъолияти мо бисёр осон гаштааст.

Шабакаву сомонаҳои интернетӣ ба таври тасаввурнашванда кору фаъолияти инсонҳоро осон намуд. Бо истифодаи интернет   метавонем бе заҳмати он ки ба ҷое равем, бо ворид шудан ба сомонаву шабакаҳои интернетӣ дилхоҳ амалро анҷом намоем. Ба унвони мисол барои аз худ кардани донишҳои иловагӣ ва гирифтини сертификатҳои илмиву соҳавӣ ва забономӯзӣ аз он истифода барем ва ҳар гуна амали муфидро анҷом диҳем. Интернет дар баробари сарчашмаи иттилоот буданаш, чун воситаи баланд бардоштани сатҳи тафаккур ва забономӯзӣ, муоширату фароғат ва сайқал додани андешаву дониш хизмат мерасонад.

Дар баробари ин ҳама чӣ гуна аз интернет истифода бурдан мавзӯи бисёр муҳим аст. Зеро дар сурати истифодаи нодуруст ва беҳадафии интернет, зарари он метавонад аз манфиаташ бештар бошад. Баъзе ҷавонону наврасон вақти дарс дар марказҳои интернет ба бозиҳои компютерӣ, суҳбатҳои бефоидаи интернетӣ ва ё ба истилоҳ ба ЧАТ машғуланд, ки ин ба тафаккури онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ин гуна бозиҳои компютерӣ ба наврасон зарари зиёд дошта, дар рӯҳияи онҳо зӯроварию ғорат ва иштиёқ ба аслиҳаро бедор месозад.

Интернет пайвандагари ҳаммаи қитъаҳои олам гаштааст, ки дар он сарҳад ва монеае вуҷуд надорад, бо истифодаи интернет ҳар шахс метавонад ба дурдастарин нуқоти олам алоқа барқарор намояд, дар ҳоле ки пеш аз ин одамон барои ин имкон надоштанд. Ҳоло дар ҷаҳон бештар аз 600 миллион истифодабарандагони интернет ба қайд гирифта шудааст, ки шумораи бештарини онро ҷавонон ташкил менамоянд. Гуфтан ба маврид аст, ки ҳар як ашё дар худ ду паҳлӯи истифодабарӣ дорад, яке тарафи мусбат ва дигаре манфӣ. Истифодаи шабакаҳои интернетӣ низ ба таври худ дар тарбия ва ахлоқи ҷавонон таъсиргузор буда, барои як акс ё наворе, ки бахотири ҷалб кардани диққатии дигарон ба шабакаву сомонаҳои интернетӣ аз тарафи онҳо гузошта мешавад, дар баъзеи ин аксу наворҳои онҳо шаъну шараф ва номусу ҳаё дида намешавад ва ин амалашон онҳоро фирефтаи хаёлоти худ дар дунёи маҷозӣ кардааст. Агар ба қавли дигар гуем беахлоқӣ ва бешармӣ ин муди асри 21 дар байни ҷавононписарону ҷавондухтарон гардидааст. Чунки рӯҳу равони ин тоифа ҷавонон асири дунёи маҷозии интернет ва ҷисму баданашон дар дунёи воқеӣ мондааст. Ба воситаи интернет мамлакатҳои гуногун ва миллатҳои мухталиф фарҳангу таммаддуни худро ҷорӣ менамоянд, ба хусус дар тарбия ва ахлоқи миллати дигар таъсири худро мерасонанд. Маврид ба зикри хос аст, ки донишмандон яке аз сабабҳои пошхӯрии оилаҳоро дар Тоҷикисоон истифодаи бемавриди интернет аз ҷониби ҷавонон махсусан навхонадорон унвон мекунанд. Интернет то дараҷае ба ҳаёти рӯзмарраи инсоният таъсир расондааст, ки мардум вақти бебаҳои худро дар ин ҷаҳони маҷозӣ сипари менамоянд ва аз дарки чи гуна гузаштани умри худ ғофил шудаанд. Донишмандон ба ин назаранд, ки ҳар чанд интернет махзани бузурги илму маърифат ва иттилоот ва ҷаҳони бемаҳдуди имкониятҳои васеъ бошад ҳам, китобро беҳтарин дӯсти инсон медонанд. Зеро китоб тарбиятгари инсон ва роҳнамову баландбардорандаи маърифти инсонӣ аст.

 

Валиев Давлатёр,

рӯзноманигор


11.01.2022 91