COVID-19. ШУМОРАИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ДАР ҶАҲОН БЕШ АЗ 11,5 МИЛЛИОН НАФАР ГАРДИД

COVID-19. ШУМОРАИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ДАР ҶАҲОН БЕШ АЗ 11,5 МИЛЛИОН НАФАР ГАРДИД
Ба ҳолати 6 июл шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 11,5 миллион нафар гардида, зиёда аз 537 ҳазор кас гирифторони COVID-19 вафот кардаанд ва беш аз 6,5 миллион нафар беморон шифо ёфтаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).
Тибқи маълумоти нави СУТ, давоми шабонарӯзи гузашта 175 499 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 3 572 нафар сироятшудагон фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 11 580 119 нафар ва теъдоди фавтидагон 537 179 кас мебошад.
Ҳамзамон то имрӯз дар ҷаҳон 6 547 935 нафар гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (2 983 155 нафар), Бразилия (1 604 585), Ҳиндустон (699 402), Россия (687 862), Перу (302 718), Испания (297 625), Чили (295 532), Британияи Кабир (285 416), Мексика (256 848) ва Италия (241 611) дохил мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Манбаъ: http://moh.tj/?p=21095


08.07.2020 10