COVID-19. Иштирокдорони Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» масъалаи тақвияти ҳамкориро дар мубориза бо пандемия баррасӣ намуданд

COVID-19. Иштирокдорони Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» масъалаи тақвияти ҳамкориро дар мубориза бо пандемия баррасӣ намуданд

Имрӯз бо ташаббуси Япония видеоконфронси вижаи вазирони корҳои хориҷии сиғаи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни ҷаласа вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколама дар бораи масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бо пандемияи COVID-19, барқарорсозии иқтидори иқтисодӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Зимни суханронӣ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки ҳамкории муштарак дар чаҳорчӯби сиғаи  «Осиёи Марказӣ+Япония» муҳим буда, дар рушду тақвияти шарокати стратегии миёни кишварҳои минтақа нақши муҳим мебозад.

Бо ишора ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳонӣ бар асари ҳамагирии Ковид-19, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳамтоёни худ даъват кард, ки барои пешгирии сирояти коронавирус ва барқарор кардани рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа тадбирҳои муассир андешида шаванд. Зикр гардид, ки пандемияи COVID-19 башариятро бо таҳдид ва чолишҳои ҷиддӣ рӯбарӯ кардааст. Дар робита ба ин, ӯ аз кишварҳои иштироккунанда даъват намуд, ки дар мубориза бо пайомадҳои ҳамагирӣ аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда сарҷамъона кор бигиранд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро ҷиҳати пешгирии паҳншавӣ ва аз байн бурдани бемории мазкур меандешад. Дар ин замина, ӯ барои кумак ва дастгирии Япония ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон дар мубориза бо хуруҷи коронавирус изҳори сипос кард.

С. Муҳриддин роҷеъ ба мавзӯъҳои рушди ҳамкории минтақавӣ таъкид намуд, ки бояд татбиқи лоиҳаҳои бахши энергетикиву саноатӣ ва кишоварзӣ сурат гирифта, тавсеаи иқтидор ва имкониятҳои содиротӣ ва интиқоли беисти молҳо таъмин гардад.

Даъват ба амал оварда шуд, то кишварҳои минтақа дар соли 2022 ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ бо Япония муштаракан иқдом кунанд.

АМИТ «Ховар»


11.08.2020 60