БОЗДИД АЗ БЕМОРХОНАҲОИ МАРКАЗИИ НОҲИЯҲОИ ПАНҶ ВА ҶАЙҲУН

БОЗДИД АЗ БЕМОРХОНАҲОИ МАРКАЗИИ НОҲИЯҲОИ ПАНҶ ВА ҶАЙҲУН
Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи хизматрасонии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳамзамон ҷиҳати иҷрои Муроҷиатномаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ, истифодаи ниқобҳои тиббӣ дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва риояи фосилаи байни ҳамдигарӣ ба андозаи якуним то ду метр боздиди роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои тандурустӣ идома дорад.
Бо ин мақсад имрӯз, 4 июли соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Самариддин Ализода бо фаъолияти беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Панҷ ва Ҷайҳун шинос шуд.
Дар беморхонаҳои ноҳияҳои мазкур муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ҷиҳати пешгирии бемории COVID-19, назорати беморон ва таъмини онҳо бо маводҳои дорувориро баррасӣ намуд.
Ҳамзамон, дар ноҳияҳои болозикр номбурда ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ, истифода ниқобҳои тиббӣ дар нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бо масъулини соҳа вохурӣ анҷом дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳо мушаххас дод.

Манбаъ:http://moh.tj/?p=21044


07.07.2020 40