Бисёр сафар бояд то пухта шавад хоме!

Бисёр сафар бояд то пухта шавад хоме!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва иштирок дар ифтитоҳи як қатор иншооти нав бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияҳои Рашт, Сангвор ва Дарвоз ташриф оварданд.

Сокинони шаҳру ноҳияҳо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукргузорӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкорона бо шукӯҳу самимияти беандоза истиқбол гирифтанд. Сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашту Сангвор нишонаест аз ғамхориҳои пешвои муаззами миллат, мутаҳидии мардуми Тоҷикистони азиз дар шароити пондемияи КОВИД – 19 ва авҷгирии нооромиҳо дар кишвари ҳамсояи мо Афғонистон. Ноҳияҳои Рашту Дарвоз дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ ва таваҷҷуҳу дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам ­ Эмомалӣ Раҳмон рушд намуда, сокинонаш дар ҳама соҳа ба дастовардҳои зиёди меҳнатӣ ноил гардидаанд.

Барои рушду пешрафти ҳар миллат дар ҳама давру замон фарзандони барӯманду фарзонааш нақши мондагоре аз хеш боқӣ мегузоранд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақте чун Президенти кишвар ба майдони сиёсат ворид шуданд, миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Мардуми Тоҷикистон дар атрофи сарвару раҳбари хеш Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол фидокоронаю содиқона заҳмат мекашанд. Бешубҳа, Сарвари давлати мо, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат рисолати худро бо муваффақият иҷро намуда истодаанд.

Сарнавишти миллати тоҷик дар тӯли асрҳо баробари дигар мардуми эронинажод басо печида ва пуршебу фароз аст. Тоҷик бо кору пайкор барои ноил шудан ба озодӣ, бо созандагӣ ва бунёдкорӣ, бо ақлу заковати фарзандони нобиғааш дар арсаи илму адабу сиёсат, бо расидан ба даврони эҳёи давлатдорӣ, бо талошҳо баҳри худшиносӣ ва огоҳии миллат таърихи худро ғаниву рангин сохтааст. Бузургтарин дастоварди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин барои гузаштан ба барқарорсозии иқтисодиёт оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи хеле боэътимод гузошт. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 150 кишварҳои ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд эътироф намуданд. Дар тӯли 30 соли Истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Пули миллӣ, Артиши миллӣ, Конститутсия, Ваҳдати миллӣ ва ғайраҳо гардид.

Хуб медонем, ки Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷастаю эътирофшудаи сиёсии ҷаҳонӣ барои шукуфоию сарсабзии Ватани соҳибистиқлоламон тули солҳои соҳибистиқлолӣ ҷоннисорҳои зиёде намудаанду мардуми Тоҷикистон худ гувоҳи онанд. Бале, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз фарзандони сарсупурда, шуҷоу далер ва Қаҳрамони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.

Хушбахтона, мардуми тоҷик аз ниятҳои бади бадхоҳони Ватан, ки заррае ҳам аз хиради ватандорӣ баҳра набурдаанду лофи ватандорӣ зада барои нооромии кишвари мо талош меварзанд, хуб огаҳанд. Мардуми ноҳияҳои Рашту Сангвор хуб медонанд, ки гурӯҳи мухолифин барояшон чи бадбахтиҳое оварда буд ва дигарбора намегузоранд, ки нохалафе раванди сулҳ ва ваҳдати миллии бо қиммати ҳазорон ҷони ҷавон ба даст омадаро халалдор намояд. Имрӯз дар Тоҷикистон тамоми масҷидҳо фаъолият дошта, мусулмонон ба тоату ибодат машғуланд. Даҳҳо корхонаҳои хурду калон барпо гаштаву сокинони кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъминанд. Муҳимтар аз ҳама Тоҷикистон орому обод аст ва амнияту осоиштагии эшон аз тарафи давлат таъмин. Пешвои миллат муҳтарам ­ Эмомалӣ Раҳмон дар рафти сафари кориашон ба ноҳияҳои Рашт, Сангвор ва Дарвоз бо омӯзгорону хонандагон, хоҷагидорон, кишоварзон ва роҳбарону фаъолони ноҳияҳо суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро барои таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва омӯхтани илмҳои муосир ҳидоят намуда, ҳифзи манфиатҳои миллиро вазифаи асосии ҳар фарди хештаншинос арзёбӣ намуданд. Пешвои миллат муҳтарам ­ Эмомалӣ Раҳмон инсони ятимпарвар буда, барои тарбияи инсони комил ва аз ҳар ҷиҳат обутобёфта, бахусус кӯдаконе, ки аз падару модар ятим мондаанд, аҳамияти хоса зоҳир менамоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди сафари хеш бо 60 нафар кӯдаки ятим аз ноҳияҳои Рашт, Нуробод ва Тоҷикобод, ки бо амри тақдир аз меҳру навозиши падару модар маҳрум гаштаву зери ғамхории Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Пешвои миллат қарор доранд, вохӯрданд. Зимни суҳбат Роҳбари давлат онҳоро бо ҷашни бузурги миллӣ 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд ва барояшон саломатӣ, хониши хубу аъло ва саодати зиндагиро орзу карданд.

Барҳақ ӯ Исмоили Сонӣ шуда,

Фахри ҳар як тоҷикистонӣ шуда ,

Некаъмол аст, садри бебаҳост,

Як назар! Дар чеҳрааш Нури Худост!

Худованд халқу миллати тоҷикро назари нек кардааст, зеро таъриху фарҳанг ва миллати куҳанбунёди тоҷик, воқеан, ниёзманди хамин гуна Сарвару Пешвое буд, ки халқи моро ба сӯи қуллаи уммеду орзуҳо раҳнамун созад.

Имрӯз тамоми сокинони Тоҷикистон аз сафарҳои Роҳбари давлат ба шаҳру ноҳияҳои кишвар, вохӯриҳояшон бо мардум, ғамхориҳояш ба ятимону маъюбон ва ободиҳои пай дар пай руҳу илҳоми тоза гирифта, бо камоли ифтихору сипос ва сарбаландиву худшиносии миллӣ Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои миллати худ медонанд. Пешвое, ки миллатро сарҷамъу муттаҳид, Ватанро хонаи уммеди тоҷикони дохиливу бурунмарзӣ, кӯҳистони моро ба Боми ҷаҳон мубаддал додаву ба тоҷикон - ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ, муҳаббат ба арзу буми бобоиро ато намуд.

Таибов С. А. – сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа;

Муҳидинова М. - шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


28.09.2021 38