Бетарафии мову ту, теша задан ба реша аст!

Бетарафии мову ту, теша задан ба реша аст!

Қабл аз хуруҷи неруҳои Амрико Толибон эълон карда буданд, ки ба Панҷшер ҳамла намекунанд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то бо роҳи гуфтугӯ масъаларо ҳал намуда, ҳокимияти фарогирро ташкил менамоянд. Беэътиноии ҷомеъаи ҷаҳонӣ нисбат ба вазъияти имрӯзаи Афғонистон метавонад ба ҷанги давомноки шаҳрвандӣ дар ин кишвар оварда расонад. Ягона давлате, ки мавқеъашро мушахас баён намуд ин роҳбарияти давлати Тоҷикистон буд. Имрӯз вақти он расидааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамсоякишварҳо мавқеъи хешро маълум намоянд - пуштибони терористонанд ё мардуми афғон. Тоҷикони ҷаҳон ва тоҷикзабононро лозим аст аз ҳарвақта дида зираку ҳушёр бошанд ва дар ҳалли мушкилии мардуми Панҷшер бетарафӣ зоҳир нанамоянд. Зеро ки Амрико баъди бист соли мубориза бо толибон эшонро боз ба сари қудрат оварда, ҳокимияти таъсисдодаи хешро дар ҳолати ногувор гузошт. Дар ин давра бо раҳбарии Аҳмад Масъуд ҷабҳаи муқовимати миллӣ ташкил гардид, ки фарогири ҳама мазҳабу забонҳои афғонистон асту дар мубориза ба муқобили ҷанҷӯёни Толибон дар дараи Панҷшер қарор доранд. Панҷшер - ягона музофоти Афғонистон аст, ки толибон онро зери назорат надоранд. Ин минтақа макони ҷамъшавии собиқ неруҳои ҳукуматӣ гардидааст. Он ягона вилоятест, ки ба толибон таслим нашуда, то ҳол зидди онҳо меҷангад ва ба пешравиҳо низ ноил гаштааст. Уламои дини давлати афғон кӯшиш намуданд, ки масъалаи Панҷшерро бо роҳи гуфтушунид ҳал намоянд, аммо толибон бо роҳи зӯрӣ ба ҳуҷум гузаштанд. Қаблан онҳо ба яке аз гузаргоҳҳои аввалин ҳуҷум карда буданд, вале неруҳои ҷабҳа тавонистанд ҳуҷумро гардонанд. Аз чанд рӯз ба ин тараф миёни размандагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмад Масъуд ва ҷанҷӯёни Толибон дар дараи Панҷшер даргириҳо идома доранд. Тавре мақомҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ эълон карда буданд, дар ҷараёни даргирӣ ба Толибон чархболҳо ва ҳавопаймойҳои бесарнишини покистонӣ кумак намуданд, ки ин бевосита аз дахолати давлати бегона дарак медиҳад. Новобаста аз талафоти зиёди ҷонӣ Ҷабҳаи муқовимати миллӣ тавонист ба мувафақият ноил гашта афроди зиёдеро асир гирад. „Асирони хориҷӣ, бахусус покистонӣ, дар ҷамъи асирон хеле зиёданд. Дақиқ 1340 тан назди мо асиранд, ки дар миёни онон покистонӣ ва араб ҳам мавҷуд аст“, - гуфтааст раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон. Бино ба бархе гузоришҳо, аз ин теъдод асирон ҳудуди 600 нафар атбоъи Покистонанд. Дар ҳамин ҳол, ин гузоришҳо низ аз Кобул мерасанд, ки „Толибон“ дар посгоҳҳои масири Шимолӣ ва Кобул ҷавонон ва миёнсолони панҷшериро гаравгон мегиранд, то онҳоро бо асирони худ дар Панҷшер мубодила кунанд.

Бемасъулиятии давлатҳои салоҳиятдор, сатҳи пасти зиндагии мардум ва нокомилии маънавиёти сиёсӣ боис гардид, ки ин гурӯҳи террористӣ муваффақ гардад. Аз муроҷати Аҳмади Масъуд ба давлатҳои абарқудрат бармеояд, ки ин гурӯҳҳо бо гирифтани давлати Афғонистон иктифо накарда, оянда метавонанд, минтақаи Осиёи Миёнаро ба мавқеи даргириҳо мубаддал созанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон ва расонаҳои хабарӣ ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус вазъи кунунии Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, иброз доштанд: “Вазъи мураккаби хатарноке, ки тайи рӯзҳои ахир дар ин кишвар ташаккул ёфта истодааст, танҳо мушкилоти мардуми Афғонистон нест, балки аз масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонии имрӯз аст. Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афғонистон, махсусан тоҷикон, ӯзбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд”.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамояд, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчи тезтар як Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад. Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афғонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард. Борҳо аз тариқи расонаҳои хабарӣ Тоҷикистон аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овардааст, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва ҳарчӣ зудтар муътадил гардонидани вазъияти мушкили сиёсиву амниятии он бо роҳи гуфтушунидҳо чораҳои фаврӣ андешида шавад.

Ба сари қудрат омадани созмонҳои террористӣ ва фаъолияти онҳо вазъиятро дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо Афғонистон, боз ҳам мураккаб гардондааст, ки боиси саргардониву кашоқии мардум гаштааст. Имрӯз, ки Панҷшеру ҷавонмардонаш дар муқобили толибон истодагарӣ ва муқовиматҳои шадид нишон медиҳанд, мутаасифона як қатор давлатҳои абарқудрат хомӯширо пеша кардаанд, ҳол он ки ин масъала бояд дар сатҳи олии ҳамаи давлатҳо ба танзим дароварда шавад. Мутаассифона, имрӯз баъзе аз давлатҳои абарқудрат сари қудрат омадани Толибонро воқеият ҳисобида, ҷомеаи ҷаҳониро ба он даъват менамоянд, ки муносибатҳои дипломатиро бо Афғонистон (Толибон) барқарор намоянд. Магар аз ёди ҷомеаи чаҳонӣ рафтааст, ки дар натиҷаи амалҳои террористӣ 11.09.2001 дар Амрико ҳазорҳо мардуми бегуноҳ, занону кӯдакон қурбон гашта буданд. Тӯли ҳафтаҳои охир, ки дараи Панҷшер майдони набардҳои хунин миёни Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд ва «Толибон» – у созмонҳои террористӣ, назири «Ал-қоида», қарор дораду ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳоли карахтӣ аст, гӯё ки масъалаи дохилии Афғонистон аст эшон дахолат нахоҳанд кард. Толибон, ҳамчунин, ба ширкатҳои амалкунандаи иртиботии телевизионии Афғонистон фишор оварданд, то онҳо корро дар ҳудуди Панҷшер қатъ кунанд ва ҳамин тариқ, минтақа бе интернет ва алоқаи мобилӣ монд.

Бадхоҳони дохилию хориҷии тоҷикон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ марзу буми миллатро ба се қисмат тақсим карда буданд, ки ин таҳдидҳои бузургеро ба устувории иттиҳоди мардуми мо ҳамчун миллат ба миён овард. Хушбахтона, хиради азалии мардум, талошҳои ҷавонмардонаи Пешвои муаззами миллат ва аз ҷониби эшон ба сатҳи идеологияи миллӣ бардоштани фалсафаи ваҳдати миллӣ имкон доданд, ки иттиҳоди устувори гурӯҳи одамон будани миллати тоҷик комилан ҳифз карда шавад. Аз ин рӯ, мардуми афғонро давраи мутаҳидшавӣ фаро расидааст. Ҳамаро якояк мебояд, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро бо раҳбарии Аҳмад Масъуд ҳамчун эҳёгари яке аз нишонаҳои муҳимми миллат барои афғонҳо дар таърихи навини худ эътироф намуда, дар атрофи ӯ мутаҳид шаванд, то ба ҷанги хонумонсӯз хотима бахшида, ба қулаҳои уммеду ормонҳои хеш бирасанд.

Мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ, н.и.т. - Ёраков Ф.М.


15.09.2021 71