Баргузории машқи ситодӣ дар «Маркази фарматсевтӣ»-и донишгоҳ

Баргузории машқи ситодӣ дар «Маркази фарматсевтӣ»-и донишгоҳ

Дар асоси иҷрои қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 30 декабри соли 2020 №332 Нақшаи чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино», аз 20 январи соли 2021, мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ», дар Маркази фарматсевтии донишгоҳ санаи 25 сентябри соли ҷорӣ бо фармоиши ректори донишгоҳ доктори илми тиб, профессор Гулзода М.Қ. дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунандаи кафедраҳои кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ» бо ҷалби нерӯҳои ғайриҳарбии донишгоҳ, таҳти роҳбарии сардори ситоди донишгоҳ Ибодзода С.Т. гузаронида шуд.

Мақсади машқи ситодӣ таълимӣ буда, ҳангоми амалӣ намудани машқ таҳия ва омӯхтани вазифаҳои хизматӣ, такмил додани ҳамоҳангӣ ва ҳамкории ҳайати роҳбарикунандаи Ситоди донишгоҳ бо кормандони кафедраҳои кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ дар вақти ба амал омадани садамаи кимиёвӣ ва роҳҳои пешгирӣ, бартарафкунии он дар бинои кафедраҳои мазкур мебошад. Инчунин ҷиҳати иҷрои вазифаҳои гузошта шуда, санҷидани омодагии кувва ва звеноҳои радиоактивӣ, кимиёвӣ ва наҷотдиҳии нерӯҳои ғайриҳарбии донишгоҳ ҳангоми гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ, тасҳеҳи нақшаи замони осоиштаи мудофиаи граждании МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино», огоҳ ва ҷамъ намудани ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ, санҷидани дурустии нақшаи мудофиаи гражданӣ барои замони осоишта ва даровардани тасҳеҳ ба он мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуд.Машқ соати 9:00 оғоз ва соати 13:00 анҷом ёфт.

Дар машқ 25 нафар кормандону омӯзгорони кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ, звеноҳои радиоактивӣ, кимиёвию наҷотдиҳии нерӯҳои ғайриҳарбии донишгоҳ фаъолона иштирок доштанд.

 

Сардори бахши МГ ва нерӯҳои

ғайриҳарбии донишгоҳ  Шоев Ҳ.Г.


27.09.2021 40