Бани одам аъзои якдигаранд...

Бани одам аъзои якдигаранд...

Мушкилоти Афғонистон имрӯз тамоми башарият, махсусан, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамҷавори онро ба ташвишу нигаронии ҷиддӣ овардааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба вазъи кишвари ҳамсоя- Афғонистон таъкид намуданд: "Сокинони ин кишвар, ки беш аз чил соли охир дар шароити ҷангу нооромӣ умр ба сар мебаранд, вақтҳои охир бо мушкилоти боз ҳам бештари амниятӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Дар робита ба ин, бори дигар хотирнишон месозам, ки барои ба миён омадани чунин вазъи фоҷиабор мардуми Афғонистон бо таъриху тамаддун ва фарҳанги чандинҳазорсолаи худ гуноҳ надоранд. Ноамнӣ ва бадбахтие, ки ба сари мардуми ин кишвари бостонӣ омадааст, натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ, яъне фаъолияти доираҳои манфиатдори минтақа ва ҷаҳон мебошад, ки ҳоло низ идома дорад."

Дар ҳама давру замон кишварҳои алоҳида ҷиҳати ҳифзи манофеи миллии худ дар арсаи байналмилалӣ, расидан ба ҳадафҳои умумибашарӣ ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ ба як навъ ҳамгироиву иттиҳоди боэътимоду боварибахш ниёз доранд.

Ба роҳ мондани чунин навъи иттиҳоди боэътимод дар шакли созмонҳои байналмилалӣ, ки яке аз ниҳодҳои пуриқтидори дастгирии сулҳ ва амнияти байналмилалӣ мебошанд, омили асосии расидан ба марому мақсадҳои ягона дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Коршиносон ба он ақидаанд, ки дар шароити пурпечутоби воқеияти имрӯзаи геополитикӣ нишасти ҷашнии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе яке аз муҳимтарин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ мебошад. Зеро дар он намояндагони аксарияти аҳолии ҷаҳон иштирок намуда, вобаста ба доираи васеи масоили таъмини амнияти дастаҷамъӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои гуманитарӣ изҳори назар намуданд.

Масъала ва мушкилотҳое, ки дар доираи фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор гирифт, бори дигар тасдиқ намуд, ки Созмони ҳамкории Шанхай фарохтар аз ташкилот аст, чун умед ба зиндагии шоиста дар фазои сулҳу суботро барои шаст дар сади аҳолии ҷаҳон мебахшад ва дар таъмини амнияти онҳо нақши воқеан боризро дорад.

Дар доираи баргузории ҳамоишҳои гуногунсатҳ бахшида ба 20-умин солгарди таъсисёбии Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҷониби Тоҷикистон ба намояндагони давлатҳои аъзои СҲШ, аз ҷумла ба ҷониби Ҷумҳурии Исломии Покистон дар самти ҳалли низоъҳои Афғонистон пешниҳодҳои судманд намуд. Тибқи маълумоти сомонаҳои расмӣ ҷониби Тоҷикистон ва Покистон барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни «Толибон» ва тоҷикон ба ифоқа расиданд. Ин пешниҳод аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, ки ҷониби Покистон - Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон онро хуб қабул намудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон изҳор доштанд, ки зимни баррасии вазъи имрӯзаи минтақа қазияи Афғонистон дар маркази диққати ҷонибҳо қарор дошт. Вазъи кунунӣ дар он кишвар нигаронкунанда арзёбӣ гардид. Бино ба суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамсоякишварҳои Афғонистон ба барқарории сулҳу субот дар ин кишвари азиятдида беш аз ҳама манфиат доранд ва ба эҳёи иқтисоди миллии Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. «Мо бар онем, ки ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон, ҳамчун кишвари пайвандгари шабакаҳои нақлиётии минтақавӣ ва байналмилалӣ, хоссатан барои кишварҳои ҳамсоя муҳим мебошад», — изҳор доштанд Президенти Тоҷикистон. Дар ин зимн, изҳори умед карда шуд, ки сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя ҳарчӣ зудтар барқарор гардида, манфиатҳои тамоми гурӯҳҳои сиёсиву қавмӣ дар Афғонистон ба эътибор гирифта мешавад. Пешвои миллат бори дигар ба таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ расониданд, ки Давлати Тоҷикистон ҷонибдори ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо иштироки намояндагони тамоми гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошад. Ҳамзамон, таъкид намуданд, ки дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмиятҳо бояд ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд. «Сулҳу субот дар Афғонистон фақат бо ҳамин роҳ таъмин мегардад», — изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар идомаи суханронӣ Пешвои муаззами миллат таъкид бар он намуданд, ки ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хабар доданд, ки Тоҷикистон ва Покистон барои расидан ба ин ҳадафҳо сафарбар хоҳанд шуд. «Мо ба ифоқа расидем, ки барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни «Толибон» ва тоҷикон мусоидат хоҳем намуд. … ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон, ҳамчун кишвари пайвандгари шабакаҳои нақлиётии минтақавӣ ва байналмилалӣ, хоссатан барои кишварҳои ҳамсоя муҳим мебошад. …мо таъкид бар он кардем, ки дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмиятҳо ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд. Итминон ҳосил гардид, ки сулҳу субот дар Афғонистон фақат бо ҳамин роҳ таъмин мегардад», — гуфтанд Эмомалӣ Раҳмон.

Инчунин,   дар нишасти мазкур Пешвои миллат таъкид намуданд: «Тоҷикистон дар мавқеи худ устувор аст ва ба таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон даъват мекунад. Ҷорӣ кардани ҳама гуна низоми сиёсӣ дар Кобул бе дарназардошти афкори мардум метавонад боиси оқибатҳои пешгӯинашаванда гардад», - иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус СММ, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх даъват карданд, ки ба Афғонистон ва аҳолии вилояти Панҷшер, ки давоми ду моҳ дар муҳосираи пурра қарор доранд, кумаки фаврӣ намоянд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи амният сухан ронда, зикр доштанд, ки «терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои кибернетикӣ ҳамчун таҳдидҳои асосии амният дар фазои СҲШ боқӣ мемонанд».

Андешаҳои Пешвои миллатро Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон ба максад мувофиқ шуморида, дастгирӣ намуданд.

Инчунин, бо пофишориҳои ҷониби Точикистон, ҷонибҳо Покистон ва Точикистон ба мувофика расиданд, ки гуфтушунидҳои Толибон бо тоҷикони Панҷшер дар Душанбе гузаронида шавад!

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шакли видеоконфронс суханронӣ карда, бори дигар ба таҳаввулоти ахир дар Афғонистон ишора намуданд, ки боиси буҳрони амиқи сиёсиву башарӣ ва идораи давлатӣ гардидааст, таҳдиди ҷиддӣ ба амнияту суботи минтақа мебошад:"Вазъи буҳронии Афғонистон, ки бо Тоҷикистон қариб 1400 километр сарҳади муштарак дорад, ҳукумат ва мардуми кишвари моро бетафовут гузошта наметавонад. Имрӯзҳо мо дар ҳодисаҳои вилояти Панҷшери Афғонистон шоҳиди нақзи фоҷиабори ҳуқуқи байналмилалии башарӣ гардида истодаем. Ба мардуми Панҷшер дастрасӣ ба озуқаворӣ, дигар маводи мавриди ниёзи аввалия, инчунин, кумакҳои башардӯстона баста шуда, ҳатто ниҳодҳои тахассусии Созмони Милали Муттаҳид ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх то ҳол наметавонанд ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои башардӯстонаи худ ба минтақаи Панҷшер ворид шаванд”.

Ба ақидаи президенти Тоҷикистон, “вазъияти бавуҷудомада дар Афғонистон фоҷеаи гуманитарӣ ба ҳисоб меравад”.

Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид доштанд, ки шиддати рӯзафзуни муборизаҳои қавмӣ ва гурӯҳҳои этникӣ дар Афғонистон омили дигари бештар ноамн гардидани вазъи сиёсиву амниятӣ дар кишвари ҳамсояи мо мебошад.

Ҳамаи саъю талошҳои Пешвои миллати сулҳофар ба хотири ҷойгоҳи махсус доштани тоҷикон дар минтақа ва ҷаҳон аст!

 

Таибов С.А.-сардори шуъбаи итилот ва робита бо ҷомеа

Турсунова З. - шуъбаи итилот ва робита бо ҷомеа

 


28.09.2021 52