“Ёрии аввалияи тиббӣ ҳангоми ғарқшавӣ”

“Ёрии аввалияи тиббӣ ҳангоми ғарқшавӣ”
Мувофиқи нақшаи кории Шуъбаи кор бо ҷавонон 30-юми сентябри соли 2019, соати 14:30 дар МОМА“Ҳолатҳои таъҷилӣ дар тиб” дар мавзўи “Ёрии аввалияи тиббӣ ҳангоми ғарқшавӣ” баргузор карда шуд.
Дар машғулият Директори МОМА Усмонов Ҷ.Н., намоянда аз шуъбаи кор бо ҷавонони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва донишҷӯёни гуруҳи волонтёрон ширкат варзиданд.
Мавзўи машғулияти навбатӣ аз ҷониби донишҷўи курси 3-уми факултети тиббӣ Ҷамолов Рашид бо таври интерактивӣ пешниҳод гардид, ки он аз тарафи ҳозирин хуш пазируфта шуд.
Директори МОМА Усмонов Ҷ.Н. ба саволу пешниҳодҳои донишҷўён ҷавобҳои аниқу мушаххас гардонида ҳамзамон арзу сипоси худро ба Раёсати донишгоҳ ва Шуъбаи кор бо ҷавонон оид ба гузаронидани чунин маҳфилҳо дар байни донишҷӯён ва ҷавонон изҳор намуданд.
Шуъбаи кор бо ҷавонон

“Ёрии аввалияи тиббӣ ҳангоми ғарқшавӣ”
“Ёрии аввалияи тиббӣ ҳангоми ғарқшавӣ”
“Ёрии аввалияи тиббӣ ҳангоми ғарқшавӣ”
11.10.2019     55