ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
Рӯзи 3-юми октябри соли 2022 бо ташаббуси кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳамдастии Хадамоти ректор ба пешгоҳи Рӯзи забони давлатӣ конфронси илмию адабие баргузор гардид, ки дар ҷараёни кори он ҷамъе аз ҳайати устодону профессорон, инчунин донишҷӯёни ватанию хориҷии донишгоҳ ҳузур ёфтанд.
Кушоиши маҳфил ба эҳтимоми д.и.ф., проф. О.Ҳ. Қосимов сурат гирифта зимнан мавсуф аз бобати шуҳрати ҷаҳонии забони тоҷикӣ, интишору паҳншавии бесобиқааш дар минтақа ва курраи арз, мақоми он ба ҳайси забони муоширати байни миллату қавмҳои гуногун ва монанди инҳо сухан дар миён овард.
Муовини бахши тарбияи факултаи тиббӣ, муаллимаи собиқадор З.У. Бурҳоновна ҳозиронро бо ҷашни забони даавлатӣ сидқан шодбош гуфта, аз хусуси нақши кормандони кафедраи забони тоҷикӣ дар заминаи доир намудани чорабиниҳои гуногуни тарбиявию фарҳангӣ содиқонаю самимона изҳори назар намуд.
Сармутахассиси шуъбаи фарҳанги донишгоҳ, номзади илми фалсафа, дотсент З.В. Абдураҳмонов аҳли нишастро бо ин санаи пурмайманат сидқан шодбош гуфта, аз хатти машйи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар баробари забон, ҳамчунин ғамхориҳои бедареғи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мусоидату поймардӣ дар роҳи рушду инкишофи забони давлатӣ нуктаҳои судмандеро ба гӯши ҳуши ҳозирон расонид.
Мудири кафедраи забони тоҷикӣ, доктори илми филология С.Ф. Низомова матну батни суханронии хешро асосан бар рӯйи таҳаввулоти назарраси забони давлатӣ тӯли даврони файзбори Истиқлол устувор сохта, чанд андешаи муфиду арзимшмандро дар робита бо ин мавзӯъ гӯшгузор кард.
Гузориши муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ Н. Зуҳурӣ зери номи “Истилоҳсозии нодуруст ва услубҳои илмию коргузорӣ”, ки ба сурати мусаввада пешниҳод гашта буд, намунаҳои инҳироф аз принсипҳои интихоб ва вазъ намудани донишвожаҳоро дар худ инъикос медод.
Матлаби ҷолибе зери номи “Нигоҳи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба забони давлатӣ” аз ҳанҷараи Д. Турсунова-донишҷӯйи курси I, гурӯҳи 2-юми факултаи фармасевтӣ ба садо даромад.
У. Бердишукурова- донишҷӯйи курси I, гурӯҳи 2-юми факултаи фарматсевтӣ гулчинеро аз фармудаҳои Сарвари давлат бо номи “Баъзе нуктаҳои асосӣ дар бораи забони давлатӣ” ба қироат гирифт.
Инъикоси бадеии ҷойгоҳи забон мазмуну муҳтавои суханроние буд, ки муаллими калон Г.А. Сӯфиева диққату таваҷҷуҳи ҳозиронро ба он водошт
Қироати ифоданоки порчаҳои манзум андар ситоиши забон тавассути ровиёни пурҳунар Аноргули Маҳмадулло (курси I, гурӯҳи 3-юми факултаи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ), Ф. Нидоева(курси I, гурӯҳи 4-уми факултаи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ), Ш. Шарифзода (курси I, гурӯҳи 4-уми факултаи стоматологӣ), З. Усмонзода (курси I, гурӯҳи 3-юми факултаи фарматсевтӣ), Ф. Насриддинова (курси I, гурӯҳи 4-уми факултаи фарматсевтӣ), М. Барфиева ва А.А. Ворисӣ (ҳар ду аз курси I, гурӯҳи 5-уми факултаи фармасевтӣ) сурат гирифт. Ҳамчунин донишҷӯйи курси якуми факултаи тиббӣ-профилактикӣ Файзуллоев Ҷамолиддин маърӯзаи пурмуҳтавоеро бо номи”Чаро забонҳо гуногунанд” ироа намуд.
Шогирдони эҷодкор А.А. Ворисӣ (курси I, гурӯҳи 4-уми факултаи фармасевтӣ), Р. Афзалзода (курси I, гурӯҳи 5-уми факултаи тиббӣ), Д. Турсунова А.А. Ворисӣ (курси I, гурӯҳи 2-юми факултаи фарматсевтӣ) баъзе намунаҳоеро аз чакидаи қалами хеш манзури назари аҳли нишаст гародониданд.
Мансубони ансамбли “Шифо” бо сурудҳои дилнишин фазои маҳфилро рангинтар ҷилва дода, С. Бобоева (курси I, гурӯҳи 1-уми факултаи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ) тавассути рақсҳои ҷаззоби хеш фараҳу шодии хосеро дар дилу дидаи ҳозирон нишонд.
Гардонандагии маҳфилро Рухшона Афзалзода- донишҷӯйи курси I, гурӯҳи 5-уми тиббӣ ба иҷро гузошта, дар роҳандозии маҳфил ҳамаи мансубони кафедраи забони тоҷикӣ алоқадри ҳол ширкат ҷустанд.
Дар ҷараёни кори конфронс инчунин дотс. М.М. Азимова — мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ, доктори илми биология М.Ё Холбегов-мудири кафедраи биология бо асосҳои генетика, Н. Сулаймонова-корманди бахши фарҳанги донишгоҳ ва дигарон ҳузур ёфтанд.
Ҳамчунин дар ин рӯз устодони кафедра Г.А. Суфиева, Т.Ф. Раҳимов, Б.М. Саидова бо хабарнигори телевизиони ҷумҳурӣ мусоҳиба анҷом дода, ҳамватанони азизро аз тапу талоши бомуваффақияти роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати ба самар расонидани нукоти калидии Қонуни забони давлатӣ ва фармудаҳои роҳбарияти кунунии Тоҷикистон огоҳ намуданд.
Муаллимаи собиқадори кафедра, шахси ниҳоят донишманду фурӯтан М.К. Шодиматова дар канори устодони дигар ба шаклгирии кори маҳфил ёрӣ расонда, расонаӣ сохтани ин нишасти хотирмон ба саъю талоши хастагинопазири муаллима Б.М. Маҷидова бастагӣ дошт.
Мудири кафедраи забони тоҷикӣ, доктори илми филология С.Ф. Низомова саранҷом маротиби сипоси хешу зердастонашро аз таваҷҷуҳу мусоидатҳои роҳбарони донишгоҳ ҷиҳати роҳандозии чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ баён сохта, аз ҳосилу самараи кори нишасти мазкур натиҷагирӣ ба амал овард ва зимнан хатми нишастро ҳам эълом кард.
Зуҳурӣ Н.,
муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ