Озмун бахшида ба Рӯзи забон

Озмун бахшида ба Рӯзи забон

Бахшида ба Рӯзи забон дар боғи истироҳатию фарҳангии ба номи Рӯдакии пойтахт бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Забон –ҳастии миллат» баргузор гашт, ки дар он донишҷӯёни панҷ муассисаи таҳсилоти олии пойтахт ширкат варзиданд. Дар ин озмун, ки аз Донишгоҳи тиббӣ 10 нафар иштирок доштанд, иштирокчиён оид ба имлои забони тоҷикӣ, таърихи пайдоиши забон ва байтбарак маҳорати худро дар назди ҳакамон намоиш доданд. Аз рӯи ҷамъбаст, донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино сазовори ҷойи якум гашта, бо китобҳо ва туҳфаи пулӣ қадрдонӣ гаштанд. Донишгоҳи тиббиро дар ин озмун донишҷӯёни тибқи Квотаи президентӣ М. Бандаева, Ф.Азимова, З.Ҳасанзода, К. Назарова, Ш.Ғаюрова, Д.Мирзозода, Ҷ. Собирҷонов, П.Холова, А.Холиқов ва А.Абдулфайзов намояндагӣ карданд.


Ҷ.З.Иргашева, муовини декани факултети 

тиббӣ оид ба Квотаи президентӣ


06.10.2018 120