КОНФРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛИИ ДОНИШҶӮЁН

КОНФРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛИИ ДОНИШҶӮЁН

       Ҳамасола бо ташаббуси кафедраи фаҳои ҷомеашиносӣ бахшида ба санаҳои муҳими таърихию сиёсӣ конфренсияҳои илмию амалӣ, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои сиёсиву маърифатӣ баргузор карда мешаванд.

       Имсол ба ифтихори таҷлили шоистаи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   санаи 14 – уми апрели соли равон бо иштироки васеи ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён конфронси солона баргузор гардид. Дар конфренсия бо зиёда аз 20 мақолаи илмӣ донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ баромад намуданд.

       Кори конфренсияро мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ доктори илмҳои фалсафа, профессор Саидов А.С. ҳусни оғоз бахшида, оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 29- соли истиқлолият маълумоти муфассал доданд.

       Дар навбати худ донишҷӯён дар маърӯзаҳои хеш аз нақши Пешвои миллат, муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлатдории навини тоҷикон ёдовар шуда, ҳифзи дастовардҳои Тоҷикистонро вазифаи муқаддаси худ маънидод намуданд. Кори конфренсия бо саволу ҷавоб ба кори худ хотима бахшид. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар конфренсия муовинони деканҳои факултетҳои тиббӣ, тиббӣ – профилактикӣ ва намояндаи факултети педиатрӣ иштирок намуданд.

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


15.04.2021 1574

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php