Вохурӣ бо донишҷӯёни курси 5-уми факултети фармасевтӣ

Вохурӣ бо донишҷӯёни курси 5-уми факултети фармасевтӣ

Кормандони шуъбаи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва деканати факултети фармасевтӣ бо донишҷӯёни курси 5-уми факултети фармасевтӣ вохурӣ баргузор намуданд. Дар вохурӣ ҳамаи мудирони кафедраҳои тахассусии фармасевтӣ ва устодоне, ки вобаста ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ масъул буданд иштирок доштанд. Бо мақсади сайқал додани малакаҳои амалӣ ва муоширати касбӣ донишҷӯён дар ҳамкорӣ бо Раёсати таълимӣ-методӣ ва шуъбаи таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён ба кафедраҳои тахассусии дахлдор сафарбар карда шуда буданд. Дар вохурӣ масъалаи ҷиҳати аз қайди шуъбаи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ гузаштани донишҷӯён баррасӣ гардид.

        Ба ҳамаи саволҳои донишҷӯён ва устодони мутассадӣ ҷавобҳои мушаххас дода шуд. Барои дар оянда боз ҳам беҳтар шудани рафти таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ аз тарафи шуъбаи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ пешниҳодҳо дода шуд.

Сардори шуъбаи таҷрибаомӯзии истеҳсолии 

МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» н.и.т., дотсент Матинов Ш. Қ.

 


16.02.2021 1449

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php