Рӯзи кайҳоннавардон

Рӯзи кайҳоннавардон

Дар кафедраи травматология, ортопедия ва ҶҲС дар мавзӯи «Рӯзи кайҳоннавардон» маҷлис баргузор гардид, ки дар он   донишҷуён ва муалимони кафедра иштирок намуданд.

Дар ҷаласа донишҷӯи курси 4-уми факултаи тиббӣ, гуруҳӣ 45 Изатулло Ҳомидов бо пешниҳоди презентатсия оид ба «Рӯзи кайҳоннавардон» баромад   кард.

Досенти кафедра Шарипов М.А. ва асистенти кафедра Аскаров А.Т.           оид ба «Рӯзи кайҳоннавардон» сухан ронда ба саҳми ҳозирин чанд маълумоти ҷолиб расонданд: “Тобистони соли 1955 ИҶШС ва ИМА қариб дар як вақт эълон намуданд, ки дар соли ҷадид ба кайҳон моҳвора мебароранд. Дар нерӯҳои мусаллаҳи ИМА се гурӯҳи мушаксозон бо сарварии Варнер фон Браун заҳмат мекашиданд ва ҳама бар он бовар буданд, ки ИМА дар ин самт яккатози майдон аст. Дар СССР бошад 21 августи соли 1957 аввалин мушаки балистикии байнисайёравӣ озмоиш карда шуд. Дар ИМА ба ин хабар эътиное накарданд, аммо дар асл маҳз мушаки Р-7, ки бо муваффақият партоб гардид роҳро ба сӯи кайҳон боз кард”.  

Ҷаласа шавқовар ва хотирмон   гузашт.

Досент кафедраи травматология, ортопедия ва ҶҲС  -  Шарипов М.А.

Ассистенти кафедра оид ба тарбия  -  Аскаров А.Т.


14.04.2021 139