Панди рўзгор
Панду андарз мероси адабии ниёгони тољик мебошад, ки тўли ҳазорсолаҳо барои тарбияи наслҳои наврасу ҷавон ба кор бурда мешавад. Аз ин рӯ, мо чун меросбари ниёгонамон ҳамвора пайи ислоҳи наслҳои ҷавон гом мебардорем. Бо ин мақсад санаи 13-уми декабри соли 2021 тибќи наќша-чорабинии муовинати тарбия дар толори “Мома”-и Бинои нави таълимии шаҳраки “Шифобахш” бо фарогирии зиёда аз 120 нафар донишљўёни курси 2-юми факултети тиббӣ ва муаллимаи кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика-Шукурова М.Т. сӯҳбат-вохӯрӣ оид ба “Хатари терроризм” ва “Танзим баракати зиндагист”, инчунин, одоби шаҳрдорию шаҳрнишинӣ, эҳёи либосӣ миллӣ, тақлиди куркурона накардан ба фарҳанги бегона баргузор карда шуд. Дар вохӯрӣ мутахассиси шуъбаи тарбия - Мирзои Саид ва Раиси Шӯрои занон ва духтарон - Сайфутдинова Мунфиза суханронӣ намуданд.
Муовинати тарбия