Назорати рафти Соли клиникии донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ аз тарафи шуъбаи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ

Назорати рафти Соли клиникии донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ аз тарафи шуъбаи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ

Бо мақсади сайқал додани малакаҳои амалӣ ва муоширати касбии донишҷӯён, дар ҳамкорӣ бо Раёсати таълимӣ-методӣ, шуъбаи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, шуъбаи сифати таҳсилот таҷрибаомӯзии Соли клиникии донишҷӯёни курсҳои 6-уми факултети тиббӣ дар кафедраҳо ҷараёни дарсҳои амалии сиклӣ тибқи талабот самаранок ба роҳ монда шудааст (2 –соат баррасии назариявӣ ва 4- соат кори амалии донишҷӯён бо беморон таҳти роҳбарии омӯзгорон).

Аз тарафи мутахассиси шуъбаи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ Усмонов Б.Н. рафти Соли клиникии донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ дар кафедраи бемориҳои дарунии №3 назорат карда шуд. Донишҷӯёни курси 6-ум дар маҷлисҳои пагоҳирӯзии беморхона фаъолона иштирок менамоянд. Омӯзгорони кафедра бо донишҷӯёни курси 6-ум мунтазам таърихи бемории беморонро таҳлил мекунанд, инчунин ба донишҷӯён бо мақсади сайқал додани малакаҳои амалӣ ва муоширати касбӣ беморонро вобаста кардаанд, ки худи донишҷӯён ташхисгузорӣ намуда таърихи беморӣ менависанд. 

Сардори шуъбаи таҷрибаомӯзии истеҳсолии

МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» н.и.т., дотсент  -  Матинов Ш.Қ.


2
1
24.12.2020 567