Қабули шунавандагон ба курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзии касбӣ ва курсҳои такмили ихтисоси педагогии ҲПО-и МТБ-и донишгоҳ

Қабули шунавандагон ба курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзии касбӣ ва курсҳои такмили ихтисоси педагогии ҲПО-и  МТБ-и донишгоҳ

Дар МАРКАЗИ ТАҲСИЛОТИ БАЪДИДИПЛОМИИ (МТБ) - донишгоҳ шунавандагон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳуҷҷатҳои худро барои  қабул  ва таҳсил намудан дар курсҳои  такмили ихтисос (аз 1 то 2 моҳ), бозомӯзии касбӣ (4 моҳ), инчунин ҳайати  профессорону  омӯзгорони (ҲПО) донишгоҳ ба курсҳои такмили ихтисоси педагогӣ, ба МТБ-и донишгоҳ супорида истодаанд.

Ҳамзамон бояд қайд кард, ки баъди хатми Донишгоҳи тиббӣ шунавандагон ҳуҷҷатҳояшонро дар оғози сол барои таҳсил дар интернатура(муддати таҳсил – 1 сол) ва ординатураи клиникӣ (муддати таҳсил – 2 сол) супоридаанд. Баъд аз хатми курсҳои номбурда ва супоридани аттестатсияи ҷамъбастӣ дар асоси қоидаҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда ба онҳо вобаста ба курси таҳсил аз тарафи корманди Марказ  Файзиева Н. Ш. ҳуҷҷатҳои хатми курс омода карда мешавад.

Директори Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ

н.и.т., профессори фахрии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино  -  Гадоев Б.Ш. 

             


12.03.2021 1485

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php