ЯК РЎЗ КАМ АСТ!

ЯК РЎЗ КАМ АСТ!
Дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 18 январи соли 2018, дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди пешгирии як қатор бемориҳои сироятноки ҷанбаи иҷтимоидошта, ба монанди БПНМ (СПИД) ва ВНМО (ВИЧ) диққати ҷиддӣ дода, бештар ба кормандон ва мутахассисони соҳаи тиб муроҷиат ва таъкид доштанд, ки назорат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳамаи табақаҳои ҷомеа, масъулияти ҷиддиро талаб менамояд.
Бинобарин ба кормандони соҳаи тиб, ки бештар дар масъалаи солимии мардум кору фаъолият менамоянд, супориш дода шуда буд, ки корҳои тарғиботӣ ва фаҳмонадиҳиро дар байни ҷавонон оиди пешгирии гирифторшавӣ ба ин вабои аср, бештар намоянд.
Барои пешгирии ин беморӣ на танҳо давлат, муассисаҳои табобатӣ, ҷомеа, балки водидайн низ бояд саҳмгузор бошанд. Дар Боби 2. моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» оварда шудааст: «таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа аст», «барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанд шароит муҳайё намоянд», (моддаи 8), «дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ рафтани фарзанди то бистсолаашонро маън намоянд», «барои фарзанди то бистсолаашон истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ(аз ҷумла пиво), воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, маҳсулоти тамоку (аз ҷумла нос) ва маъводи сахттаъсирро маън намоянд», «ба оворагардӣ ва дигар рафторҳои зиддиахлоқӣ машғул шудани фарзанд роҳ надиҳанд» ва инчунин «дигар ӯҳдадориҳое, ки дар ин қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, иҷро намоянд».
Ин моро водор месозад, ки ба солими ҷавонон ва мактаббачаҳо бештар аз ҷониби волидон диққати ҷиддӣ дода шавад. Дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, маҳалҳо дар ҳамкорӣ бо табибони оилавӣ дар гузаронидани корҳои тарғиботӣ барои пешгирии ҷавонон аз истифодаи маъводи мухадир, ки асосан боиси сар задании ин беморӣ мегардад, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад.
Аксарияти олимон ватани ин беморӣ қитъаи Африкаро мешуморанд ва оиди ин масъала ду фарзия мавҷуд аст :
1- ин беморӣ дар қабилаҳои хурди дар минтақаҳои ҷангалзори касногузар паҳн шуда буд. Бо мурури замон дар натиҷаи ҳиҷрат намудан ба қабилаҳои дигар, сарҳади паҳншавии ин бемориро васеъ намуданд.
2- ин бемориро вируси дар натиҷаи баланд шудани сатҳи радиоактивии минтақа, аз ҳисоби моддаи радиоактивии уран паст шудани масъунияти бадани одам ба вуҷуд оварда аст.
Соли 1982 ба олимон имкон ба даст омад, ки сабаби сар задании БПНМ (СПИД), вирусе мегардад, ки ҳуҷайраҳои системаи иммунии организми одамро камфаъол намуда, ба организм имкон намедиҳанд, ки худро ҳифз намояд.
Танҳо соли 1981 аввалин маротиба шахсони гирифтори ин беморӣ ба қайд гирифта шуд.
Танҳо як рӯз 1 декабр чун Рӯзи байналмиллалии мубориза алайҳи БПНМ (СПИД) аз ин беморӣ ёдрас мешавад.
Танҳо як рӯзи ҳафтаи сеюми моҳи май ёдбуди фавтидагон аз0 ин беморӣ қайд карда мешавад.
Соли 1991 аз ҷониби рассом Френк Мур тасмаи сурх рамзи мубориза бар зидди ин беморӣ пешниҳод гардидааст.
Танҳо як рӯз барои кам шудани шахсони гирифтори БПНМ (СПИД), барои пешгирӣ аз ин беморӣ, барои ёдбуди фавтидагон кам аст. Инро ҳеҷ вақт бояд фаромӯш насозем!
Санаи 1 декабри соли 2019 намояндагони факултети тиббӣ, муовинони декан оид ба корҳои трбиявӣ Бурҳонова З.У. ва Ахмедов Ф.С. бо як гурӯҳ донишҷӯёни курсҳои 1 ва 2 дар назди Маҷмаии табобатии «Шаҳраки Шифобахш» аксияро бахшида ба Рӯзи мубориза алайҳи БПНМ (СПИД)- ташкил ва баргузор намуда дар байни аҳолӣ оиди ин рӯз ва ин беморӣ маълумотҳои мушаххас дода дар байни онҳо маъводҳои тарғиботии Маркази ташхисию табобатии БПНМ (СПИД) –ро паҳн намуданд. Иштирокчиён ва ташкилкунандаҳои аксия умед доранд дар пешгирии ин беморӣ дар байни аҳолии Тоҷикистон саҳми хурде бошад, ҳам гузоранд.

ЯК РЎЗ КАМ АСТ!
ЯК РЎЗ КАМ АСТ!
ЯК РЎЗ КАМ АСТ!
ЯК РЎЗ КАМ АСТ!
ЯК РЎЗ КАМ АСТ!
ЯК РЎЗ КАМ АСТ!
03.12.2019 355