Тут ва барги он - (Morus alba)

Тут  ва барги  он - (Morus alba)
Тут дарахти бисёрсола аз гурӯҳи оилаи тутҳо - Moraceae ба ҳисоб меравад. Аз рӯи навиштаҳои Абӯалӣ ибни Сино, тути ширин миҷози гарму намнок ва тути турш бошад хунуку намнок дорад. Аз навиштаҳои олим Мухаммад Хусейн Шерозӣ «тут хуни хубро ба амал меорад», қабзият, басташваҳоро мекушояд, норасогӣ ва вайроншавии ҷигар, испурчро ислоҳ намуда, ба ҷисми инсон тасҳеҳӣ меорад, пешобро ронда организмро мулоим мекунад».
Дар ҷаҳон қариб 24 намуди тут мерӯяд. Асосан дарахти тут дар Осиёи шарқӣ ва шарқӣ-ҷанубӣ, Аврупои ҷанубӣ, Америкаи ҷанубӣ, Ҳиндустон ва Эрон бештар дида мешавад. Дар осиёи Миёна, инчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тутро аз давраҳои қадим мекориданд.
Дар ҷумҳуриамон бештар намуди тути сафед, тути сиёҳ ва сурх (шоҳтут) вомехӯрад.
Таркиби кимиёвии он: меваи тути сафед аз қанд (глюкоза, фруктоза, сахароза), кислотаи органикӣ, флавоноидҳо, каме равғанҳои эфирӣ то 2,4%, гликозидҳо 0,7%, инчунин витамини С, каротин, витамини гурӯҳи В иборат аст.
Таркиби меваҳои тут инчунин аминокислотаҳо ба монанди аланин, валин, гликогол, лейтсин, фенилаланин, аргинин дорад. Дар барги тути сиёҳ флавоноидҳо - 1,3%, глюкозидҳо — 0,8%, кислотаи органикӣ — 2,21-6,37%, карбогидратҳо - 15% ва витамини С то 620 мг% мавҷуд аст.
Дар баргҳои тути сафед бошад, моддаҳои даббоғӣ (3,2-3,7 %), флавоноидҳо (до 1 %), кумаринҳо, кислотаи органикӣ, равғанҳои эфирӣ (0,03-0,04), стеринҳо (β-ситостерин, капестерин) зоҳир гардидаанд. Аз суммаи флавоноидҳо рутин, гиперазид и кверсетин, аз кумаринҳо бошад – остхол ҷудо кардаанд.
Истифодабарии тути сурх (шоҳтут) ва тути сафед дар тибби қадим ва муосир. Меваҳои намуди гуногуни тут барои беҳтар намудани ҳазми хӯрок ва кори рагҳои хунгард истифода бурда мешавад. Меваҳои шоҳтутро дар намуди тару тоза ва коркард шуда дар тибби халқии Тоҷикистон барои баланд кардани масуният ва беҳтар кардани раванди ҳазми хӯрок тавсия намудан мумкин аст.
Дар намуди маводи табобатӣ инчунин барг ва решаи ҳама гуна тутҳо истифода мешаванд. Баргҳои тару тозаи тутро барои муолиҷаи захмҳои пӯст, махмалак, дерматит, хоришак, крапивница тавсия мнамоянд.
Барги тут барои муолиҷаи бемории диабети қанд, бемории гипертонӣ, баъзе бемориҳои руҳӣ тавсия шуда, чой аз барги тути сафед ҳангоми авитаминоз, камхунӣ, хастагӣ, диабети қанд тавсия мешавад.
Меваҳои тару тозаи тут хунофариро фаъол менамояд, ҳангоми камхунӣ, ки бо гастрит вобастагӣ дорад, инчунин барои мӯътадил шудани мубодилаи моддаҳо фоидабахш аст. Меваҳои тутро ҳангоми зардча, дисбактериоз, энтерит, панкреатит, миокардит, нуқсони дил истифода бурдан мумукин аст.
Решаи дарахти тутро дар намуди ҷӯшоба ҳангоми сихзании рӯдаҳо чун маводи исҳоловар, зиддисулфа ва балғамронанда тавсия мекунанд. Ҳангоми бемории гипертонӣ, бронхит, диққи нафас таъсирбахш аст.
Решаи танаи дарахти тут барои таҷдиди захм, ҳангоми бемориҳои дилу рагҳо тавсия мешаванд. Аз хокаи барги хушконида дар асоси равғани маска марҳам тайёр менамоянд, ки ҳангоми бемории сил, экзема, псориаз, дерматити аллергӣ ба пӯст ноҳиявӣ мемоланд.

13.03.2020 431