Сертификатҳои мутобиқат оиди растании шифогии ватанӣ

Сертификатҳои мутобиқат оиди растании шифогии ватанӣ

Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия”-и МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” аз паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳра гирифта, оид ба 2 растании шифобахши ватанӣ - меваи арпабодиён ва гиёҳи роҳдавак соҳиби сертификати мутобиқат гардид.

Меваи арпабодиён.

Нишондод: Ҳангоми бемориҳои роҳи нафас, хусусан бронхити хушк, бемориҳои меъдаю рӯда, ихтилоҷи рӯда ва дарди рӯдаҳо истифода бурда мешавад.

Тарзи истифода ва меъёр: 1 қошуқи ошии  растаниро  дар зарфи сирдор гирифта  ба он 200 мл (1 стакан) оби ҷӯшонидаи гарм рехта, рӯи онро мепӯшанд ва ба муддати 15дақ. дар ваннаи буғӣ ҷӯшонидан лозим аст. Баъдан дар ҳарорати хона онро муддати 45дақ. хунук кунед. Дамобаро аз обполо гузаронида, маводи боқимондаро фишор диҳед. Ҳаҷми дамобаро бо оби ҷӯшонидашуда то 200 мл мерасонанд. Дамобаро гармогарм дар 1-рӯз, 3-4 маротиба истифода мебаранд: калонсолон ва кӯдакони аз 12-сола боло - 1/3 истакон; кӯдакони аз 7 то 12 сола 1-2 қошуқи ошӣ; кӯдакони аз 3 то 6 сола - 1 қошуқи ошӣ; кӯдакони то 3 сола 1/2 -1 қошуқчагӣ истифода мебаранд. Пеш аз итифода такон додани дамоба тавсия дода мешавад. 

Гиёҳи роҳдавак.

Нишондод: бемориҳои санги пешоб.

Тарзи истифода ва меъёр: 5-халтаи полоиширо дар зарфи сирдор бо 200 мл (1 истакон) оби ҳарораташ муътадил гирифтаву рӯяшро бо сарпӯш пӯшонида ба муддати 15 дақ. дар ваннаи буғӣ ҷӯшонидан лозим аст. Баъдан дар ҳарорати хона онро муддати 45дақ. хунук кунед. Дамобаро аз обполо гузаронида, маводи боқимондаро фишор диҳед. Ҳаҷми дамобаро бо оби ҷӯшонида то 200 мл расонида, пеш аз хӯрок 1/2 - 1/3-и истакон дар як шабонарӯз 2-3 маротиба истифода мебаранд. Давомнокии табобат 20-25 рӯз. Табобати такрорӣ баъд аз 10-12 рӯз (дар як сол на зиёда аз 4-маротиба).

Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия”


12.12.2020 260