Рӯзи байналмилалии ёдбуд аз қурбоншудагони садамаҳои маргбори роҳу нақлиёт

Рӯзи байналмилалии ёдбуд аз қурбоншудагони садамаҳои маргбори роҳу нақлиёт

    19-уми ноябр аввалин бор дар Тоҷикистон аз қурбониёни садамаҳои нақлиётӣ ёдоварӣ шуд.

     Тайи ҳамоише ба муносибати Рӯзи байналмиллалии ёдбуд аз ҷабрдидагони садамаҳои нохуш дар роҳҳо таҳти шиори «Роҳҳо таърих доранд; ба хотири хушбахтӣ, биёед, ҳамроҳ бехатарии роҳҳоро беҳтар намоем!», дар шаҳри Душанбе аз қурбониёни садамаҳои нақлиётӣ ёд карда шуд. Дар ин ҷасала М. Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, И. Поканевич, роҳбари намояндагии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон, А.А. Раззоқов, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои осеббардорӣ, сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шикастабандӣ ва осебшиносӣ, доктори илми тиб, кормандони соҳаи тиб, донишҷӯёни муассисаҳои тиббӣ ва ҳамчунин намояндагони васоити ахбори умум ширкат доштанд. Ҳамоиши мазкурро Мирҳамуддин Камолзода ифтитоҳ намуда, дар ин масъала махсус суханронӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки боиси хурсандист, ки Рӯзи байналмилалии ёдбуд аз ҷабрдидагони садамаҳои нохуш дар роҳу нақлиёт дар Тоҷикистон низ қайд карда мешавад. М. Камолзода афзуд, ки осеббардорӣ ба қатори масъалаҳои мубрами тиб дар самти мубориза бар зидди бемориҳои ғайрисироятӣ дохил карда шудааст ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ҷиҳати беҳтар кардани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба осебдидагон пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад. Игор Поканевич, намояндаи ТУТ дар Тоҷикистон зимни баромади худ изҳор намуд, ки дар ҷаҳон ҳамасола бар асари фалокатҳои нақлиётӣ як миллиону 200 ҳазор, дар роҳҳои автомобилгарди Аврупо дар ҳар шаш дақиқае як, дар моҳе 230 ва дар сол 83000 нафар ба ҳалокат мерасанд. Дар ҳамин ҳол, Абдувалӣ Разоққов гуфт, ки дар соли ҷорӣ, дар маҷмӯъ, 180 ҳазор нафар шаҳрванд ба унвони осебдидаи садама дар Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ҳар сол ба ҳисоби миёна то 1500 садамаи нақлиётӣ сабт мешавад, ки сабаби ба ҳалокат расидани ҳудуди 450 ва ҷароҳат бардоштани қариб 2000 нафар мегардад. Ҳамчунин дар ин ҳамоиш зикр шуд, ки дар кишвар тайи даҳ моҳи соли ҷорӣ 1109 садама ба сабт расида, ки дар натиҷа, 337 нафар фавтида, 1157 нафар низ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст. Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ин мизон дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2017 дар робита ба садамаҳои роҳу нақлиёт 28 ҳодиса, шумораи фавтидагон 52 нафар ва шумораи ҷароҳатдидагон 27 нафар камтар будааст. Абдусаттор Холов, полковники милитсия ва сармушовири сардори раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо изҳори миннатдорӣ аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) барои баргузор кардани Рӯзи байналмилалии қурбониёни садамаҳои автомобилӣ гуфт, ки пешгирӣ ва коҳиш додани садамаҳои пурфоҷеаи нақлиётӣ дар роҳ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Бозрасии давлатии автомобилӣ ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи ӯ, амалӣ шудани лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар шаҳри Душанбе дар коҳиш ва расидагӣ ба ҳодисаҳои роҳу нақлиётие, ки ронандагон аз ҷояшон ғайб мезананд, муассир аст. Омилҳои ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ ҳолатҳои сархушӣ, суръати баланди ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва надоштани тасмаи бехатарӣ, риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ унвон шуд.


      Бар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаи ҳаракат дар роҳ», кормандони бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф ба баргузор кардани вохӯрию машғулиятҳо дар муассисаҳои таълимӣ ҳастанд, ки бо таваҷҷуҳ ба ин Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар як кӯдакистону мактабҳои шаҳри Душанбе дастаи нозирони наврас дар роҳро ташкил намудаанд ва аъзои ин гуна дастаҳо тайи даҳ соли ахир пайваста дар озмунҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд. Намунаи боризи ин талошҳои кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ширкати аъзои дастаҳои нозирони наврас дар озмуни байналмилалии Федератсияи Русия аст, ки наврасони тоҷик дар ин озмун сазовори ҷойи аввал дониста шуданд, – илова намуд А. Холов. Бояд гуфт, ки мақсад аз баргузории ҷаласаи мазкур пос доштани хотираи қурбоншудагон дар садамаҳои маргбори роҳу нақлиёт, расонидани кӯмакҳои таъҷилӣ ва фаврӣ ба осебдидагон, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба расонидани кӯмаки аввалия ба ҷабрдидагони ҳодисаҳои нохуши роҳу нақлиёт, махсусан ба оилаҳои бесаробон аз ин ҳаводис, коҳиши сатҳи фалокатҳои маргбор ва ҷароҳатҳои вазнин гуфта мешавад. Ёдбуди қурбониёни садамаҳои роҳу нақлиёт барои аввалин бор соли 1993 дар Британияи Кабир аз тарафи ташкилоти ғайридавлатие пешниҳод шуд ва соли 2003 СММ бо пазируфтани ин пешниҳод якшанбеи сеюми ноябри ҳар солро Рӯзи байналмилалии қурбониёни садамаҳои нақлиётӣ унвон кард.

Кафедраи травматология


28.11.2018     207