Муоинаи тиббии донишҷӯёни хориҷӣ

Муоинаи тиббии донишҷӯёни хориҷӣ

     Муоинаи тиббӣ аз санаи 13-уми ноябри соли 2018 дар Маркази ташхисию табобатии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо мақсади муайян намудани вазъи саломатии донишҷӯёни хориҷии (Хиндустон) курси якуми ҳама факултетҳо ва лоиқ будан ба дарси тарбияи ҷисмонӣ баргузор гардид.

  Аз муоинаи тиббӣ 345 нафар гузаштанд, ки онҳо 100%-ро ташкил медиҳанд.

 Донишҷӯёни хориҷӣ аз табибони зерин гузаштанд:

-терапевт

-осебшинос

-гинеколог(духтарон)

-уролог

-эндокринолог

-оториноларинголог

-дерматолог

-невропатолог

-стоматолог

-ҷарроҳ

-табиби чашм

-онколог

 

    Инчунин аз донишҷӯёни хориҷӣ барои пешгирии бемориҳои сироятӣ, бемориҳои бо рохи ҷинсӣ гузаранда ва бемории сил хун барои гепатитҳо, RW, ВНМО ва флюорография гирифта шуд.

 


21.11.2018     159