Коронавирус – вабои соли ҷорӣ

Коронавирус – вабои соли ҷорӣ
7-уми апрели соли 2020 аз ҷониби мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ н.и.т. Тохтаходжаева С.Т. дар маҷлисгоҳи МТИК «Стоматология» маърӯза дар мавзӯи «Коронавирус –ва усулҳои пешгирии он» ба диққати донишҷӯёни курси сеюми факултаи стоматологӣ ва коргарони МТИК расонида шуд.
Дар маърӯзаи омодагардида доир ба коронавирус, эпидемиология, аломатҳо коронавирус ва роҳҳои пешгирии он маълумот дода шуд.
Дар охир донишҷӯён ба саволҳои хеш ҷавобҳои мушаххас гирифта, фикру ақидаҳои хешро оид ба ин бемории хатарнок иброз доштанд.
Кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ

13.04.2020 325