Форум бахшида ба Ҳафтаи умумиҷаҳонии истифодаи дурусти антибиотикҳо

Форум бахшида ба Ҳафтаи умумиҷаҳонии истифодаи  дурусти антибиотикҳо

    Ҳамасола вобаста ба масъалаҳои глобалии соҳаи тандурустӣ аз тарафи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, аз ҷумла намояндагии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаю чорабиниҳои гуногун баргузор карда мешавад. Аз рӯи нишондоди Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, дар айни замон яке аз масъалаҳои ҳалталабе, ки ба саломатии инсоният хатари ҷиддӣ эҷод менамояд, ин устуворӣ ба антибиотикҳо мебошад.  

    Бо назардошти далелҳои мазкур бо ибтикори Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ҳамасола дар моҳи ноябр Ҳафтаи умумиҷаҳонии истифодаи дурусти антибиотикҳо гузаронида мешавад. Дар доираи маъракаю чорабиниҳои Ҳафтаи умумиҷаҳонии истифодаи дурусти антибиотикҳо дар санаи 20-уми ноябри соли 2018 бо иштироки намояндагони ТУТ, Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраҳо, донишҷӯён, интернаҳо, ординаторони клиникӣ ва аспирантҳои донишгоҳ форум баргузор гардид.


   Форумро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ, н.и.т., дотсент Қобилов Қ.К. ифтитоҳ намуд. Баъдан ба таваҷҷӯҳи иштирокчиёни форум маърӯзаҳои мудири кафедраи микробиология, вирусология ва иммунология д.и.т., профессор Сатторов С.С., мудири кафедраи бемориҳои дарунии №3, д.и.т. Мустафокулова Н.И., мудири кафедраи тиббии оилавии №2, н.и.т., дотсент Ёдгорова М.Ҷ., мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ н.и.т., дотсент Тохтаходжаева С.Т., корманди Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фармация» Қурбонова Ф.Ҳ. ва донишҷӯи курси 4-уми факултети тиббӣ Авезов С. Пешниҳод карда шуд.

            Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ


26.11.2018     430