ФАРБЕҲӢ: омилҳои гирифторшавӣ, роҳҳои табобати он

ФАРБЕҲӢ: омилҳои гирифторшавӣ, роҳҳои табобати он

Агар инсон дорои тамоми неъматҳо бошаду саломатӣ надошта бошад, пас зиндагӣ ҳеҷ маъное надорад. Зеро солимӣ омили хушбахтӣ буда, танҳо тавассути он метавон баҳри расидан ба комёбиҳо талош намуду ҳаёти хуберо барои худу атрофиён муҳайё сохт. Инсон то он даме, ки ба беморие гирифтор нашавад, қадри саломатиро намедонад. Баъзан бисёр нигаронкунанда аст, ки дидаву дониста, кор ва ё амале иҷро мегардад, ки оқибаташ гирифтор шудан ба бемориҳост, аз ҷумла бемории фарбеҳӣ. Агар як сабаби гирифтор нашудан ба фарбеҳӣ ин машғул шудан ба варзиш бошад, омили асосии он истеъмоли ғизои солим мебошад. Табибон иброз медоранд, ки агар шахс ба фарбеҳӣ гирифтор бошад, ҳатман аз бемории диабети қанд, сактаи дил, фишорбаландӣ азият мекашад. Агар сабзавоту меваҷот дар баробари фоида доштан ба организм дорои витанминҳои зиёд бошанд, лубиёгиҳо метавонад дар организми инсон гӯштро иваз намоянд. Фарбеҳӣ солҳои охир ба яке аз бемориҳои хавфноки сайёра мубаддал гардида, он тамоми кишварҳои ҷаҳонро нигарон кардааст. Зеро оқибати он ба камумрӣ оварда мерасонад. Фарбеҳӣ беморие мебошад, ки бо чарббандии ҷисм алоқаманд буда, зиёдшавии вазни бадан нисбат ба меъёрҳои муқарарӣ арзёбӣ мешавад. Ба таъкиди мутахассисони соҳаи тиб сабабҳои гирифтор шудан ба бемории фарбеҳӣ гуногунанд. Аввалин сабаби дучор гардидан, ба бемории фарбеҳӣ ин пурхӯрӣ мебошад. Яъне аз меъёр зиёд истеъмол намудани маҳсулоти хӯрокворӣ ва таомҳои дорои миқдори зиёди неру, аз қабили гӯшту маҳсулоти гӯштии серравған, ширу маҳсулоти ширии равғаннокиашон баланд, маҳсулотҳои қаннодӣ. Дуюм, камҳаракатӣ. Камҳаракатӣ дар ҳолати пурхӯрӣ яке аз сабабҳои асосии фарбеҳӣ мебошад. Ҳангоме ки миқдори зиёди кислотаҳои чарбӣ ва карбогидратҳо оксид мешаванд, агар фаъолияти мушакҳо заиф бошад, кислотаҳои чарбӣ ва карбогидратҳо ба чарби бадан мубаддал мегарданд. Гурӯҳи аҳолие, ки камҳаракатанд, ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Дар баробари ин, одатҳои номатлубе, ки омили инкишофи бемории фарбеҳӣ мегарданд, инҳо тамокукашӣ ва аз меъёр зиёд истеъмол намудани машрубот мебошанд. Гузашта аз ин бояд гуфт, ки бемории фарбеҳӣ омили ирсӣ низ ҳаст. Агар падару модари шахс ба бемории фарбеҳӣ гирифтор бошад, аллакай замина барои инкишофи бемории мазкур дар фарзандони онҳо вуҷуд дорад.

Бино ба таъкиди мутахассисони соҳаи тиб ҷиҳати пешгирии бемории фарбеҳӣ дар баробари дигар корҳо бояд аз хӯрдани хӯрокҳои тезтайёр даст кашид. Зеро тибқи далелҳои оморӣ таркиби хӯрокҳои тезтайёр зиёда аз ҳазор килокалорияро ташкил медиҳад. Миқдори шабонарӯзии таъмини ғизо ба организми инсон бошад, 1500 килокалория аст. Дар давоми рӯз шахс бо истеъмоли як хӯроки тезтайёр қаноат накарда, баъди чанд лаҳза дигар намуди ғизоҳоро низ тановул мекунад. Агар дар маҷмуъ меъёри ғизонокиро барои ин афрод ҳисоб кунем, беш аз 2000 килокалорияро ташкил медиҳад, ки аллакай фишор ба организм ва зарар ба меъда мебошад. Истеъмоли хӯрокҳои тезтайёр инсонро ба бемориҳои диабети қанд, фарбеҳӣ, вазни зиёдатӣ, баландшавии фишори хун ва зиёд шудани холестерин дар организм гирифтор мекунад. Мегӯянд, ҳар дардро давоест. Дар ин росто бемории фарбеҳӣ низ истисно нест. Зеро он низ табобатшаванда асту барои ин танҳо иродаи қавӣ лозим. Агар имрӯз ба бемории фарбеҳӣ гирифторед, пас бояд роҳҳои пешгирии онро риоя намуду саломатии хешро барқарор кард. Ва ё агар солимед, пас мебояд меъёрҳои хӯрокхӯриро риоя кард, то ба бемории мазкур рӯ ба рӯ нашавед. Умуман, дар ҳама ҳолат лозим аст, ки муҳофизи солимии худ бошем. Зеро солим будан, худ хушбахтист.

Бо мақсади табобати бемории фарбеҳӣ дар мамлакат “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” қабул гардида, ҷиҳати амалӣ гардидани он табибон ба омӯзишу таҳқиқ ва роҳҳои пешгирии бемории фарбеҳӣ ҷалб шудаанд.

Ҳадафи асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки омода намудани мутахассисони касбӣ ва дарёфти роҳҳои пешгириву табобати бемориҳо бо назардошти тиҳқиқоти асосноки илмӣ мебошад, ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” дар донишгоҳ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ шудааст. Ҳамчунин, дар доираи барномаи мазкур лоиҳаи илмӣ дар мавзӯи “Алоими метаболитикӣ: оптимизатсия, пешгирӣ, ташхис ва табобати маҷмуии он” таҳия карда шуд, ки муҳлати иҷрои он солҳои 2022 -2026-ро дарбар мегирад. Барои расидан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар ин самт бо ибтикори Раёсати донишгоҳ барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани корҳои илмию тадқиқотӣ ва ташхисию табобатӣ нахустин маротиба дар ҷумҳурӣ усули тадқиқотии муосир биоимпедансиметрия бо истифода аз таҷҳизоти МЕДАСС дар Маркази ташхисию табобатии донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. То имрӯз нафарони зиёд аз ташхиси мазкур гузаштанд.

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор


04.08.2021 769