Дарси кушод дар кафедраи фармакология

Дарси кушод дар кафедраи фармакология Дар кафедраи фармакология дарси кушод гузаронида шуд. Дарси кушодро ассистенти ҷавон Расулова Ф.О. дар гурӯҳи 43 курси 3-юми факультети тиббӣ гузаронид. Дар дарси кушод кормандони Шӯъбаи сифати таҳсилот ва устодони кафедра иштирок намуданд. Мавзӯъи дарс «Доруҳои кардиотонӣ». бо усули фаъоли таълим гузаронида шуд. Ассистенти кафедра Расулова Ф. О. омӯзгори ҷавон буда, тӯли фаъолияти 3- солааш машғулиятҳои амалиро бо маҳорати баланд мегузарад ва диққати донишҷӯёнро ба дарс ҷалб менамояд. Донишҷӯен дар дарс фаъол буда, аз аёниятҳо истифода намуданд (таблитса ва презентатсия). Ҳамаи паҳлӯҳои мавзӯъ пурра таҳлил карда шуд. Пас аз танаффус донишҷӯен кори мустақилонаро оид ба тарзи дурусти навиштани доруҳат иҷро намуданд.
27.03.2020 492