Анҷоми корҳои илмӣ-тадқиқотии бахши фармакологияи эксперименталӣ оиди “ТАЪСИРИ ҒИЗО БА ХУСУСИЯТҲОИ ЛАХТАБАНДӢ ВА ҒАЛИЗШАВИИ ХУН”

Анҷоми  корҳои илмӣ-тадқиқотии бахши фармакологияи эксперименталӣ оиди “ТАЪСИРИ ҒИЗО БА ХУСУСИЯТҲОИ ЛАХТАБАНДӢ ВА ҒАЛИЗШАВИИ ХУН”

Дар ҳамкорӣ бо кафедраи физиологияи потологӣ бо бахши фармакологияи эксперименталии ОМИТ қисмати корҳои илмӣ-тадқиқотии кутоҳмуддат(14-рӯза) оид ба “Таъсири ғизо ба хусусиятҳои лахтабандӣ ва ғализшавии хун” таҳти роҳбарии дотсент Меликова Н.Х. (мутассадӣ Олимова М.Р.) дар ҳайвоноти озмоишӣ (12-адад харгӯш) ба анҷом расид. Дар муддати 14-рӯзи тадқиқот ба хайвоноти озмоишии ба 3-гурӯҳ ҷудо кардашуда, маводҳои ғизоие, ки хусусиятҳои лахтабандӣ ва ғализшавии хунро доштанд, дода шуд. Барои натиҷагирӣ таҳлилҳои биохимиявии хун (фибриноген, рекалсификатсия, МНО, ПТИ, ПВ, АЧТВ, тромботест) гирифта шуданд. Аз натиҷаҳои ба дастомада таъсири муcбат ва манфии маводҳои тадқиқшаванда омӯхта мешавад.

Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотӣ


12.03.2021 981