Шӯрои илмии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Рӯзи 27 январи соли 2021 ҷаласаи №1-и Шӯрои илмии МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” гузаронида шуд. Дар ҷаласа ҳисоботи ниҳоии лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотии кафедраи кимиёи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ, кафедраи фармакология, кафедраи микробиология, иммунология ва вирусология баррасӣ ва муҳокима карда шуд. Оиди масъалаҳои мубрам аъзоёни шӯро – академики АМИТ ҶТ – д.и.т.,профессор Додхоева М. Ф., профессори кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2 - д.и.т.Артыков К. П. ва профессори кафедраи технологияи фармасевтӣ - д.и.фарм-Халифаев Д. Р. фикру ақидаҳои хешро баён намуданд. Пешниҳод ва тавсияҳо барои баррасӣ ба Шӯрои олимон фиристода шуданд.
29.01.2021
468